Барои қатли бераҳмонаи ҳамдеҳаи худ як сокини вилояти Суғд ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
Раисикунандаи мурофиаи мазкур, судяи Суди вилояти Суғд Рухсат Розиқзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъди баррасии парванда суд Ҳабибулло Хӯҷаевро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қисми 2, банди «е» (Одамкушӣ, ки бо бераҳмии махсус содир шудааст)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.
Судя зикр кард, ки рӯзи 5-уми майи соли 2014 дар қаламрави ҷамоати Тоғяки ноҳияи Спитамен маҳкумшуда бо ҳамсояи худ Ҷавлон Умурзоқови 39-сола шароб нӯшида, сипас ҷанҷолу занозанӣ мекунанд. Алами худро пинҳон дошта, маҳкумшуда рӯзи дигар боз бо ҳамсоя шароб нӯшидаву ӯро маст карда, сипас бо корд ба ҷисми ӯ якчанд зарба мезанад, ки бар асари он Ҷавлон Умурзоқов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.



