Шарипов маълумоти баргузории гирдиҳамойии оммавии муҳоҷиронро рад кард

Раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов маълумоти баргузории гирдиҳамойии оммавии муҳоҷирон дар шаҳри Маскавро рад кард. «Журналистон хаёлоти бой доранд ва ба паҳнкунии овозаҳо дар бораи гирдиҳамойӣ бо иштироки 100 ҳазор нафар шитоб кардаанд», – гуфта мешавад дар ин робита дар сомонаи ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» бо истинод ба К.Шарипов. «Ман танҳо […]



Раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов маълумоти баргузории гирдиҳамойии оммавии муҳоҷирон дар шаҳри Маскавро рад кард.

«Журналистон хаёлоти бой доранд ва ба паҳнкунии овозаҳо дар бораи гирдиҳамойӣ бо иштироки 100 ҳазор нафар шитоб кардаанд», – гуфта мешавад дар ин робита дар сомонаи ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» бо истинод ба К.Шарипов.

«Ман танҳо зикр кардам, ки агар вазъи мавҷуда нисбати муҳоҷирони тоҷик ба маҷрои қонунӣ оварда нашавад, баргузор намудани чунин гирдиҳамойиҳо имконпазир аст», – гуфтааст Шарипов.

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирони тоҷик риояи ҳуқуқҳои худ барои кор дар Русияро тариқи роҳҳои қонунӣ ба даст оварданианд. «Барои ин онҳо моҳи октябр дар анҷуман гирдиҳам омада, ба сохторҳои ҳукумати Русия ва Тоҷикистон муроҷиатнома ирсол мекунанд ва ҳамчунин стратегияи умумии кумак ба ҳамватанонеро, ки барои кор ба Русия меоянд, таҳия мекунанд», – иброз доштааст вай.

Шарипов зикр кардааст, ки ҳамарӯза аз ҳамватаноне, ки барои кор ба Русия меоянд, ба унвони ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» шикоятҳо мерасанд, аз ҷумла ҳолатҳои аз ҷониби корфармо гирифта шудани шиносномаҳои муҳоҷирон, маҷбур кардани онҳо ба иқомат дар макони дорои шароитҳои зиддисанитарӣ, пардохт накардани музди меҳнат ва ғайра ба қайд гирифта шудаанд.

«Ҳамаи ин масъалаҳоро мо дар Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, ки даҳаи дуюми моҳи октябр дар шахри Маскав доир мегардад, баррасӣ карданием. Мо хостори онем, ки ҳам раҳбарияти Русия ва ҳам раҳбарияти Тоҷикистон ба дархостҳои мо расидагӣ кунанд. Мо фароҳам овардани ҷойҳои корӣ дар ватанамонро талаб хоҳем кард», – қайд кардааст ӯ.

Шарипов илова намудааст, ки «агар ин талабҳо ба инобат гирифта нашаванд, пас мо маҷбур хоҳем шуд, ки дар бораи баргузории гирдиҳамойӣ ба ҳукумати Маскав ариза омода кунем».

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл

нашрияи «Известия»

бо такя ба К.Шарипов дар бораи эҳтимоли дар моҳи октябр дар шаҳри Маскав баргузор шудани гирдиҳамойии муҳоҷирон бо иштироки 100 ҳазор нафар иттилоъ дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.