Сардори маҳбаси ЯС №3/7 Рустам Тоштемиров боз аз мансаб барканор шуд

Сардори муассисаи ислоҳии ЯС №3/7-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Рустам Тоштемиров, ки дар қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз ӯ ном бурда мешуд, бори навбатӣ аз мансаб сабукдӯш гардид. Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ӯ санаи 20-уми август аз вазифааш барканор […]



Сардори муассисаи ислоҳии ЯС №3/7-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Рустам Тоштемиров, ки дар қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз ӯ ном бурда мешуд, бори навбатӣ аз мансаб сабукдӯш гардид.

Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ӯ санаи 20-уми август аз вазифааш барканор шуда, ба ҷойи ӯ полковник Тоҷиддин Мирзоев, ки қаблан ба ҳайси сардори яке аз зиндонҳо дар ноҳияи Ваҳдат ифои вазифа мекард, ба ин мансаб таъин шудааст.

Дар Сарраёсат аз шарҳи сабабҳои аз мансаб барканор шудани Р.Тоштемиров худдорӣ варзида, ҳамчунин зикр карданд, ки дар бораи ба ягон вазифаи дигар таъин шуданаш ҳам огаҳӣ надоранд.

Ахири моҳи августи соли гузашта сардори муассисаи ислоҳии ЯС №3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Рустам Тоштемиров аз

мансаб сабукдӯш

ва ба вазифаи сардори муассисаи ислоҳии 3/7, ки дар он собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адои ҷазо мекунанд, таъин карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Иззатулло Шарифов ба хешовандону наздикони маҳбуси ҳалокшуда Ҳамза Икромзода, ки дар назди бинои Сарраёсат бо талаби тафтиши дақиқи марги ӯ дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1 ҷамъ омада буданд, ваъда дод, ки сарфи назар аз натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ, сардори ин муассиса Рустам Тоштемировро аз вазифааш озод хоҳад кард. Ба эътиқоди хешовандону наздикони Икромзода, ӯ бар асари истифодаи шиканҷа ва лату кӯби бераҳмона ба ҳалокат расидааст.

Дар навбати худ, моҳи октябри соли гузашта сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ваъда дод, ки тафтиши сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро таҳти назорати худ қарор хоҳад дод.

Дар натиҷа моҳи майи соли ҷорӣ суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корманди муассисаи ислоҳии Я/С 3/1-и шаҳри Душанбе Маҳмуд Исмоиловро, ки дар парвандаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода гунаҳкор эътироф шуд, ба

5,5 соли зиндони низомаш шадид

маҳкум кард. Маҳмуд Исмоилов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 316, қ 3-и КҶ ҶТ (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) гунаҳкор дониста шуд.

Зикр гардида буд, ки нисбати се нафар ҳамкорони ӯ – Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад, вале то имрӯз аз рӯи ин парванда танҳо Маҳмуд Исмоилов муҷозот шудааст.

Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Ҳамчунин натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода аз натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд набуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.