Дархости сафорати ҶТ дар Русия оид ба худдорӣ аз сафар ба Абхозистон

Ба кормандони масъули хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия муяссар шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ боз 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз қаламрави Абхозистон (Абхазия) берун оваранд. Дар ин бора намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод. Ба иттилои дипломати тоҷик, дар доираи қарордод миёни сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Русия шаҳрвандони ҶТ – Бегматов […]



Ба кормандони масъули хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия муяссар шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ боз 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз қаламрави Абхозистон (Абхазия) берун оваранд. Дар ин бора намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод.

Ба иттилои дипломати тоҷик, дар доираи қарордод миёни сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Русия шаҳрвандони ҶТ – Бегматов  Хайрулло  Нумоновичи 30-сола; Ҷӯраев  Шоҳҷаҳон  Худойшукуровичи 21-сола; Довудов Яъқубҷон Саидмамадовичи 46-сола; Шеров  Ҷамолидин  Ғиёсидиновичи 21-сола; Абдуғаниев  Собирҷон Ҳомидҷоновичи 22-сола; Умаров  Зайниддин  Нуровичи 23-сола ва Шукуров Раҷаб Ҳамзаевичи 53-сола тавассути гузаргоҳи муваққатӣ, ки махсус барои онҳо дар яке аз дидбонгоҳҳои марзӣ дар кишвари Краснодари Русия ифтитоҳ гардида буд, ба ин қаламрав гузашта, тариқи хатсайри ҳавоии Краснодар – Душанбе ба ватан баргаштаанд.

«Ин шаҳрвандони Тоҷикистон марзи Русияро убур намуда, ба Абхозистон гузаштаанд, аммо марзбонони рус ба бозгашти онҳо ба қаламрави Русия иҷозат надодаанд. Барои ҳалли масоили марбут ба убури транзитии ин шаҳрвандони тариқи қаламрави Русия вақти муайяне зарур буда, тибқи мувофиқаи сохторҳои дахлдори кишварҳо гузаргоҳи муваққатӣ кушода мешавад, то ки шаҳрвандони хориҷӣ ба ватан баргарданд ва дар ин самт мо бо Вазорати корҳои хориҷии Русия ва дигар мақомоти дахлдори ин кишвар ҳамкории густарда дорем», – зикр мекунад Эгамзод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин ҳол, сафорати ҶТ дар Русия аз шаҳрвандони кишвар, бахусус афроде, ки дар ҷануби Русия кору зиндагӣ доранд, даъват мекунад, ки барои ба чунин ҳолат дучор нагардидан, аз сафар ба Абхозистон худддорӣ кунанд.

«Мо огаҳем, ки шаҳрвандони мо ба хотири убури марз ва қонунӣ гардонидани будубоши худ дар қаламрави Русия, озими ин ҷумҳурӣ мешаванд, аммо  агар дар пойгоҳи иттилоотӣ дар бораи манъи вуруди ин ё он шаҳрванди ҶТ маълумот мавҷуд бошад, марзбонони рус бозгашти онҳо ба Русияро иҷозат намедиҳанд. Маҳз дар ҳамин ҳолат мушкилот пайдо мешавад, зеро бидуни убури дубораи марзи Русия аз Абхозистон онҳо мустақиман ба Тоҷикистон рафта наметавонанд», – афзуд Эгамзод.

Қобили зикр аст, ки баъди ба охир расидани муҳлати иҷозаи будубош дар Русия, муҳоҷирон барои дубора ба қайд гирифтан бояд ба Ватан баргарданд, аммо барои сабукии кор онҳо ғайриқонунӣ ба давлати ҳаммарзи Русия- Абхозистон рафта, баъдан зимни баромадан аз ин кишвар ба мушкил дучор мешаванд ва ин ҳам дар ҳолест, Тоҷикистон бо Абхозистон равобит ва муносибатҳои дипломатӣ надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.