Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – 6 сентябр шомгоҳон президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи «Sheraton Dushanbe Hotel», воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе иштирок мекунад; – 6 сентябр ҷашнвораи театрҳои лӯхтаки кишварҳои узви ИДМ (5-12-уми сентябр) дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) идома меёбад. Театри давлатии лӯхтак аз шаҳри Душанбе спектакли «Размышления о Войне и Мире» (Андешаҳо дар бораи Ҷанг […]

ASIA-Plus



Анонс




– 6


сентябр



шомгоҳон президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи «Sheraton Dushanbe Hotel», воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе иштирок мекунад;


– 6


сентябр



ҷашнвораи театрҳои лӯхтаки кишварҳои узви ИДМ (5-12-уми сентябр) дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) идома меёбад. Театри давлатии лӯхтак аз шаҳри Душанбе спектакли «Размышления о Войне и Мире» (Андешаҳо дар бораи Ҷанг ва Сулҳ)-ро намоиш медиҳад;


– 6 сентябр

дар толори кохи кино ва консерти «Кохи Ҷомӣ» намоиши филми «Паймон» баргузор мешавад. Оғоз соати 17-00;


– 6 сентябр

дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маросими муаррифии «Бизнес-путеводитель Республики Таджикистан – 2014» (Роҳнамои тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2014) доир мегардад. Оғоз соати 10-30.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9704

сомонӣ;


1

евро –

6.4165

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1348

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


6 Сентябр


1936

– Таъсиси унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии ИҶШС»


1934

– Дар Душанбе муассисаи бернуазмактабии Стансияи техникҳои ҷавон кушода шуд.


1940

– Сохтмони Шоҳроҳи Бзуруги Помир ба итмом расид.


1968

– Ифтитоҳи Даҳаи адабиёту фарҳанги ӯзбек дар Тоҷикистон.


1999

– Дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт.


2006

— Дар Душанбе Маркази илмӣ-тадқиқотии омӯзиши тоҷикони ҷаҳон ифитоҳ шуд.


2006

— Шумораи нахустини маҷаллаи давлатии сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» ба табъ расид.


2007

— Ба муноисбати 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои ҷашнӣ баровард.


2011

— Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои баландтарин дар шаҳри Душанбе – маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» ҳусни оғоз бахшид.


1934

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Набиҷон Ҳамидов.


1937-2004

– Мавлуди дипломат ва арбоби давлатӣ Ғарибшо Шаҳбозов.


1937

– Зодрӯзи оҳангсоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Анвар Баротов.


1949

– Мавлуди журналист Олимҷон Ёрасенов.


7 Сентябр


1934

– Қуллаи аз ҷиҳати баландӣ дуюми ИҶШС – қуллаи Ленин (7134 м) фатҳ карда шуд.


1992

– Нерӯҳои мухолифин президенти  ҶТ Р.Набиевро ба истеъфо маҷбур карданд.


1994

– Матни нави Гимни давлатии Тоҷикистон (шеъри Г.Келдӣ, оҳанги С.Юдаков) тасдиқ гардид.


2002

— Дар Душанбе Форуми 5-уми умуиҷаҳонии тоҷикон ва форсизабонон доир гардид, ки дар кори он ҳудуди 150 нафар намояндагон аз 125 кишвари дунё ширкат варзиданд.


2004

— Созмони байнулмилалии ЮНЕСКО Душанберо шаҳри сулҳ эълон кард.


2009

— Президенти Тоҷикистон бемористони нави хусусии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ифтитоҳ намуд, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад.


1946

– Зодрӯзи нависанда Адаш Истад.


1961

– Мавлуди оҳангсоз Хуршед Ниёзӣ.


1990

— Зодрӯзи рӯзноманигор Фирӯз Умарзода.



Вазъи обуҳаво


6-уми сентябр


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +27+32.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +28+33;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +12+17.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.


7-уми сентябр


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 7/09 дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 7/09 дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +26+31.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +28+33;  дар шарқи вилоят шабона -3+2, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.