Ҷилавгирӣ аз фурӯши телефонҳои қочоқӣ дар бозори «Корвон»

Date:



Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ҳудуди ҶДММ «Бозори Корвон», воқеъ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар амборҳои (контейнер)-ҳои нуқтаҳои савдо, ки ба соҳибкорон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Мингксинг, соли таваллуд 1985 ва Лин Ру, соли таваллуд 1985, таалуқ дошт, муоинаи гумрукӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, муайян гардидааст, ки дар дохили контейнерҳо телефонҳои тамғаҳои гуногуни истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой мавҷуд буда, дар маҷмуъ 4558-ададро ташкил додаанд. Номбурдагон ғайриқонунӣ бидуни барасмиятдарории гумрукӣ телефонҳои мобилиро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, ба фуруш баровардаанд.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Мингксинг ва Лин Ру парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...