Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар мубориза алайҳи маводи мухаддир

Date:



Ахири ҳафтаи равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии муовини Директори Агентӣ полковники х.н.м.н. Ҳалимҷон Маҳмудзода бо Мудири кулли умури байналмилалии Ситоди мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Маҳмуди Баёт баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Ситоди мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ гардиданд.

Инчунин масъалаи кушодани ҷиноятҳои вобаста бо паҳн намудани маводи нашъаовари синтетикӣ муҳокима гардид. Тарафҳо қайд намуданд, ки ин  амалҳои номатлуб ҷомеаро бетараф монда наметавонанд, чунки маводи нашъаовари синтетикӣ асосан дар муассисаҳои дилхушӣ дар байни ҷавонон паҳн карда мешаванд, ва оқибат ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонанд. 

Ба иттили манбаъ, полковник Маҳмудзода Ҳ. қайд намуд, ки танҳо дар соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Агентӣ якчанд ҷинояти вобаста ба паҳн намудани маводи нашъаовари синтетикӣ пешгирӣ карда шуд ва аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки бо интиқоли маводи нашъаовари синтетикӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ машғул буданд, дастгир карда шуданд.     

Гуфта мешавад, дар нутқи ҷавобии худ ҷаноби Баёт муовини Директорро барои ҳамкорӣ арзи сипос кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...