Даъвати AI оид ба таъҷилан бекор кардани айбномаи А.Содиқов

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (Афви Байнулмилал) аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кард, ки айбномаҳо нисбати муҳаққиқ Александр Содиқов таъҷилан бекор карда шаванд. Хабаргузории «Фергана» бо истинод ба Amnesty International (AI) иттилоъ медиҳад, ки муҳлати тафтиши парванда нисбати Александр Содиқов дароз шуда, ба ӯ то ҳанӯз то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Пас аз ҳабси […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (Афви Байнулмилал) аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кард, ки айбномаҳо нисбати муҳаққиқ Александр Содиқов таъҷилан бекор карда шаванд.

Хабаргузории «Фергана» бо истинод ба Amnesty International (AI) иттилоъ медиҳад, ки муҳлати тафтиши парванда нисбати Александр Содиқов дароз шуда, ба ӯ то ҳанӯз то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Пас аз ҳабси 36-рӯза ахири моҳи июл Содиқов таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист озод карда шуд, вале ба Донишгоҳи Торонто (Канада) барои идомаи таҳсил баргашта наметавонад. Ба қавли Мушарраф, ҳамсари Содиқов, шавҳараш аллакай ба имтиҳонҳои моҳи августи донишгоҳ ҳозир шуда натавонистааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз замони озод шудани Александр аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ оид ба парвандаи ӯ ҳеҷ маълумоте нагирифтаанд. «Ваъда дода буданд, ки моро аз ҷараёни тафтиш огоҳ мекунанд, вале то ҳанӯз занг ҳам назаданду чизе ҳам нагуфтаанд. То имрӯз айбномаҳо нисбати ӯ бекор нашудааст ва ба иллати он мо намедонем, ки минбаъд чӣ кор кунем, зеро ҳамсарам ба идомаи аҳасил имкон надошта, ман аллакай аз корам дар Канада озод шудам ва ҳамчунин кӯдакамон низ муддати зиёдест, ки ба кӯдакистони он ҷо рафта наметавонад», – мегӯяд Мушарраф.

Адвокати муҳаққиқ Абдуқаюм Юсуфов бо ишора ба махфӣ будани парванда аз шарҳу ифшои ҳама гуна маълумот дар ин хусус худдорӣ варзида, танҳо тасдиқ намуд, ки тафтиш идома дорад ва то замони бекор шудани айбномаҳо нисбати зерҳимояаш, ӯ қаламрави кишварро тарк карда наметавонад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 16-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи шаҳри Панҷакент, коршинос оид ба пешгирии низоъҳо ва блогер Александр Содиқов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба гумони даст доштан дар фаъолияти тахрибкорӣ ба манфиати кишвари хориҷӣ боздошт шуд. А.Содиқов унвонҷӯи докторанти донишгоҳи Торонто (Канада) буда, тибқи қарордод бо донишгоҳи Exeter (Британияи Кабир), рӯи мавзӯи «Нерӯҳои пайдошаванда ва идоракунии низоъҳо дар Осиёи Марказӣ» таҳқиқот анҷом медиҳад.

Ӯ дар шаҳри Хоруғ зимни мусоҳиба бо раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Алим Шерзамонов боздошт шуда, онҳо оид ба бетартибиҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ тобистони соли 2012 суҳбат доштанд.

Ба ҳимояти Александр Содиқов роҳбарони илмиаш, созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Fredoom House, САҲА, донишҷӯён ва хатмкардагони макотиби олии кишварҳои хориҷӣ, ҳамкоронаш ва созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» садо баланд карданд.

Amnesty International аз хоҳишмандони кумак ба Содиқов дархост мекунад, ки ба ҷонибдории олими ҷавон нома навишта, аз ҳукумати Тоҷикистон бекор кардани айбномаҳо нисбати ӯ, эҳтиром гузоштан ба озодии изҳори андеша мувофиқи уҳдадориҳои байнулмилалӣ оид ба риояи ҳуқуқи инсон бо шумули моддаи 19-и аҳдномаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро даъват намоянд. Номаро метавон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ё забони модарии худ иншо кард.

Тавсия дода мешавад, ки муроҷиатнома то 16-уми октябри соли 2014 ба унвони прокурори генералӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фиристода шавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.