Маблағҳои интиқолии муҳоҷирон аз буҷети 8-моҳаи Муъминобод ду маротиба зиёд шуданд

Тибқи маълумоти расмӣ, дар зарфи 8 моҳи соли равон аз сӯи муҳоҷирони корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон 5 млн. 263 ҳазору 42 доллари ИМА ва 60 млн. 224 ҳазор рубли русӣ интиқол дода шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз доираҳои молии ноҳия хабар доданд, ин маблағ ду маротиба аз буҷети ноҳия дар ин давра зиёд […]

Турко Дикаев



Тибқи маълумоти расмӣ, дар зарфи 8 моҳи соли равон аз сӯи муҳоҷирони корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон 5 млн. 263 ҳазору 42 доллари ИМА ва 60 млн. 224 ҳазор рубли русӣ интиқол дода шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз доираҳои молии ноҳия хабар доданд, ин маблағ ду маротиба аз буҷети ноҳия дар ин давра зиёд аст. «Саҳми муҳоҷирони корӣ ба иқтисоди ноҳияи Муъминобод хеле назаррас аст, зеро ноҳия 75,1% аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешавад, – гуфт манбаъ ва зикр кард, ки тайи 8 моҳ ба ноҳия аз пойтахт 13 млн. 449 ҳазору 596 сомонӣ маблағ ворид гардида, худи ноҳия мустақилона 4 млн. 454 ҳазору 551 сомонӣ (қисмати даромади буҷет) маблағи ба даст овардааст.

Дар ҳамин ҳол, маблағҳои аз сӯи муҳоҷирон фиристода ба болоравии худкифоии иқтисоди ноҳия мусоидат мекунанд. «Тавассути таъсиси истеҳсолоти хурду миёнаи оилавӣ аз ҳисоби ин маблағҳо, дар зарфи 2 сол муяссар шуд, ки вобастагии ноҳия ба буҷети ҷумҳуриявӣ қариб 3% камтар карда шавад», – гуфтанд дар дастгоҳи ҳукумати ноҳия.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон 2 ҳазору 543 нафар сокинони ноҳияи Муъминобод дар муҳоҷирати корӣ, асосан дар қаламрави Русия қарор доранд, ки 34 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.