Беш аз 3 млрд. сомонӣ сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳ

Дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3 млрд. 389 млн. сомонӣ (697,8 млн. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 25,5% зиёдтар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-августи […]

Заррина Эргашева



Дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3 млрд. 389 млн. сомонӣ (697,8 млн. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 25,5% зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-августи соли 2014 дар иншооти таъиноти истеҳсолӣ – 1 млрд. 729,4 млн. сомонӣ (356,6 млн. $) ё худ 51%-и маблағҳо азхуд шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар иншооти таъиноти ғайриистеҳсолӣ – 1 млрд. 659,7 млн. сомонӣ (342,2 млн. $) ё худ 51% аз  маблағҳои умумии сармоягузорӣ азхуд гардид.

Зимнан зикр гардид, ки ба сохтмони иншооти энергетикӣ  дар ҳаҷми – 607,9 млн. сомонӣ (125,2 млн. $) маблағгузориҳо сурат гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133,2%-ро ташкил медиҳад.

Дар Вазорат ҳамчунин қайд карданд, ки аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар ин давра ба бахши давлатӣ – 45,2%, бахши хусусӣ – 27,9%, корхонаҳои муштарак – 7,7% ва моликияти хориҷӣ – 19,2%-и маблағузориҳо рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.