Муаррифии маҳсулоти беш аз 100 ширкати Чин дар намоишгоҳи Душанбе

Date:



Дар намоишгоҳ-ярмаркаи «Минтақаи Синтзян-Уйғури Чин – Тоҷикистон», ки рӯзи 19-уми сентябр дар «Кохи Борбад» ба кор шурӯъ мекунад, маҳсулоти беш аз 100 ширкати Чин ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати иборат аз беш 100-нафараи Чинро, ки ширкатҳои саноати сабук, бахшҳои сохтмон ва кишоварзӣ, IT-технология, комплекси агросаноатӣ ва ғайраро намояндагӣ мекунанд, сардори Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати тиҷорати Чин Абдул Мачин роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми рӯзи 19-уми сентябр бо иштироки ҳайати намояндагони ширкатҳои Чин ва раҳбарони корхонаҳои узви Палатаи  савдо ва саноат ва ҳамчунин кормандони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони ҳарду кишвар баргузор мешавад.

«Чунин чорабиниҳо ба хотири таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чин, ҷалби сармояи Чин ба иқтисоди ҷумҳурӣ, мусоидат ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон созмон дода мешаванд», – гуфт манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...