Санҷиши омодагии Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистон

Чанде қабл таҳти раёсати муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев дар бинои корхонаи Шабакаҳои барқи Душанбе ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон баргузор шуд. Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа роҳбарони корхонаву ташкилот, ширкатҳои нақлиётӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои барқӣ, таҳвилдиҳандагони газу ангишт ва сӯзишворӣ […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл таҳти раёсати муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев дар бинои корхонаи Шабакаҳои барқи Душанбе ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон баргузор шуд.

Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа роҳбарони корхонаву ташкилот, ширкатҳои нақлиётӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои барқӣ, таҳвилдиҳандагони газу ангишт ва сӯзишворӣ иштирок карданд.

«Зимни ҷаласа муовини аввали раиси пойтахт таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои бечуну чарои нақшаи қаблан қабулшудаи мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳи зимистон ҷалб намуд», – иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, Насрулло Хайруллоев таъмири саривақтии қубурҳои интиқоли оби гарм, шабакаҳои барқӣ ва таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ бо ангишту газро таъкид доштааст. «Ҷаласаҳои ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон айни замон ҳафтае як маротиба ва бо фаро расидани мавсими сармо ҳамарӯза гузаронида мешаванд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.