Дар Душанбе масъалаи иштироки ИМА дар лоиҳаи CASA-1000 баррасӣ шуд

Дар шаҳри Душанбе чанде қабл вохӯрии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиот баргузор шуд. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар […]

Аваз Юлдошев



Дар шаҳри Душанбе чанде қабл вохӯрии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиот баргузор шуд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) баррасӣ шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот таъкид шудааст, ки Агентӣ оид ба рушди ИМА ҷиҳати амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон ҳудуди 7,5 млн. ва Бонки ҷаҳонӣ – 45 млн. доллари ИМА ҷудо карда, баҳри сохтмони қитъаи тоҷикистонии лоиҳа Бонки исломии руш низ боз ҳудуди 70 млн. доллари ИМА ихтисос доданист.

«Барои сохтмони қитъаи лоиҳаи CASA-1000 дар қаламрави Тоҷикистон наздики 314 млн. доллари ИМА маблағ зарур буда, айни замон ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҷалби сармоягузориҳо ба ин лоиҳа бо чанде аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ гуфтушунид дорад», – маълумот дод ба сафир Давлаталӣ Саид.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.