ВКД маълумоти ҳабси овозхони тоҷик дар Русия барои фурӯши героинро рад кард

Дар робита ба чанде қабл дар васоити ахбори умум паҳн гардидани маълумот дар бораи гӯё дар ҳудуди вилояти Перми Русия ҳангоми фурӯши героин ба даст афтодани як сарояндаи шинохтаи тоҷик, дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти расмӣ интишор шуд. Дар маълумот гуфта мешавад, Хадамоти федералии назорат ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Русия оид […]

ASIA-Plus



Дар робита ба чанде қабл дар васоити ахбори умум паҳн гардидани маълумот дар бораи гӯё дар ҳудуди вилояти Перми Русия ҳангоми фурӯши героин ба даст афтодани як сарояндаи шинохтаи тоҷик, дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти расмӣ интишор шуд.

Дар маълумот гуфта мешавад, Хадамоти федералии назорат ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Русия оид ба вилояти Перм шаҳрванди Тоҷикистон Қаҳрамони Шарифзодро зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди Прикамяи вилояти Перм бо зиёда аз ним кило «героин» дастгир намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Қаҳрамони Шарифзод, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, дар қайдҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчун истеъмолкунанда ва фурӯшандаи маводи махаддир сабт шуда, номбурда ба санъати тоҷик ягон муносибат надорад.

Ёдрас мекунем, ки Раёсати Хадамоти федералии назорати гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Русия дар кишвари Перм дар бораи

боздошти зодаи Тоҷикистон

, ки ба паҳнкунии маводи мухаддири героин дар ҳаҷми зиёд машғул будааст,

иттилоъ дода,

қайд карда буд, ки боздоштшуда сарояндаи маъруфи эстрада дар Тоҷикистон будааст, ки ҳатто дар барномаи солинавии телевизиони тоҷик ширкат варзидааст, 

«Дар ин қаламрав ӯ муддати се моҳ иқомат дошта, роҳу тарз (канал)-и устувори фурӯши маводи мухаддирро роҳандозӣ намуд. Баъди мавриди назорати кормандони фаврӣ қарор гирифтан, як қатор далелҳои аз ҷониби ӯ фурӯхта шудани миқдори героини беш аз 100 граммӣ ошкор гардид. Зимни амалиёт дар маҷмӯъ зиёда аз ним кило маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шуд», – зикр гардида буд дар хабари сомонаи расмии хадамот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.