Фавти ҳамсари олими тоҷик Сайидюнуси Истаравшанӣ дар зиндони Тошканд

Date:



Нилуфар Раҳимҷоноваи 37-сола, ҳамсари олими тоҷики айни замон муқими шаҳри Теҳрон – Сайидюнуси Истаравшанӣ дар зиндони Тошканд аз олам даргузашт. Дар ин бора рӯзи 17-уми сентябр дар торнамои интернетии

«Кимиёи саодат»

худи олим хабар медиҳад.

Модари чор фарзанд Нилуфар Раҳимҷонова соли 2012 ба иттиҳоми терроризм ва убури ғайриқонунии марзи Ӯзбекистон зиндонӣ шуд. Алҳол сабаби фавти ӯ маълум нест.

Дар маводи дар ин робита интишорнамудааш олим менависад, «аз замоне ки туро боздошт карданд ва бароят додгоҳ ташкил ва бо он тӯҳмат ва иттиҳоми кизб ва дурӯғин ба зиндон афканданд, лаҳзае ором нанишастам. Ибтидо ва ҳангоми додгоҳ, аз Мулло Ботур хостам, бароят вакил бигирад, вале ӯро ҳам боздошт карданд; ба ин ҷурм, ки чӣ касе туро маъмур ба ин кор карда?! Медонистам, танҳо ҷурми ту чӣ буд?! Инки ту ҳамсари ман ва духтари падарат (домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ) ҳастӣ!».

 «Дар посух ба номае, ки ба додгоҳи ин кишвар навишта будам, аз ман хостанд, ки фақат се сол сабр кунам ва чизе ба касе нагӯям ва корро расонаӣ накунам, ки бо афви “раисиҷумҳур” туро озод хоҳанд кард! Бовар кардам ва лаб фурӯ бастам, фақат ба ин умед, ки туро бибинам!.. Худо медонад, ки ин сукут ва ин лаб фурӯ бастанам дар ин муддат, бароям чӣ сахт ва душвор буд! Нокасон таънаам мезаданд ва ҳатто бо эҷоди ашъор, санги маломат ба сӯям партоб мекарданд, вале ҳамонанди мавлоям Алӣ, «сабр кардам, дар ҳоле ки гӯё хор дар чашм ва устухон дар гулӯям буд», – афсӯс мехӯрад олим.

Сайидюнуси Истаравшанӣ ҳамчунин изҳор намудааст, ки «аз ин пас, корам фақат мубориза ва пайкор бо режимҳои худкома ва диктотуре мисли режими хуношоми Каримов хоҳад буд, ки бе ҳеҷ ҷурме одамҳои бегуноҳро аз озодӣ маҳрум ва ба зиндон меафкананд!».

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаи иҷтимоии Facebook аллакай чанде аз корбарон, аз ҷумла сиёсатмадор Муҳиддин Кабирӣ ва рӯҳонии саршинос Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар робита ба ин мусибат ба Сайидюнуси Истаравшанӣ ҳамдардӣ изҳор намудаанд.

Гуфта мешавад, Нилуфар Раҳимҷонова баҳри иштирок дар тӯйи арӯсии яке аз хешовандонаш бидуни раводид ба Тошканд сафар карда будааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...