Шартномаи шаҳрдории Кӯлоб бо Oxfam ҷиҳати таълими касбии кишоварзон

Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ҷиҳати бо таълими касбӣ фаро гирифтани 3 ҳазор деҳқонони ноҳияи Кӯлоб, аз ҷумла 1,5 ҳазор нафар занон ва донишҳо дар соҳаи аграриро азхуд кардани онҳо, бо созмони байнулмилалии Oxfam шартнома ба имзо расонид. Мудири шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳрдории Кӯлоб А.Хӯҷамқулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шартнома ба муҳлати […]

Турко Дикаев



Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ҷиҳати бо таълими касбӣ фаро гирифтани 3 ҳазор деҳқонони ноҳияи Кӯлоб, аз ҷумла 1,5 ҳазор нафар занон ва донишҳо дар соҳаи аграриро азхуд кардани онҳо, бо созмони байнулмилалии Oxfam шартнома ба имзо расонид.

Мудири шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳрдории Кӯлоб А.Хӯҷамқулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шартнома ба муҳлати 1 сол бо тамдиди минбаъдаи он то 5 сол баста шудааст.

«Таҳқиқоти гурӯҳи мониторинг нишон дод, ки 90%-и раҳбарони ҳудуди 1700 хоҷагиҳои деҳқонӣ комилан аз донишҳо дар соҳаи аграрӣ бархӯрдор нестанд ва баъзан одамони тамоман тасодуфӣ ба кишоварзӣ машғуланд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, ба ҷуз семинару суҳбат ва дигар машғулиятҳои назариявӣ, дар доираи лоиҳа мақомот барои таҷрибаи амалӣ 1 гектар қитъаи замин ҷудо кард, ки дар гармхонаҳо низ ниҳолу кӯчати баъзе зироатҳо парвариш карда мешаванд.

«Дар торнамои махсуси интернетӣ деҳқонони дар лоиҳа фарогирифта тариқи телефони ҳамроҳ метавонанд оид ба ин ё он масъала машварат гирифта, ҳамчунин масъалаи тавассути ташкилотҳои қарзии хурд ба кишоварзон ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок низ мавриди баррасӣ қарор дорад», – афзуд  Хӯҷамқулов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.