Талафоти ҷонӣ дар сӯхтори комбинати гӯшти Қӯрғонтеппа

Шаби 19 ба 20-уми сентябр дар комбинати гӯшти шаҳри Қӯрғготеппа сӯхтор сар зада, бар асари он ду нафар ҳалок шуданд. Котиби матбуотии хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон Суҳроб Қулмаҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сӯхтор тахминан соатҳои 1-и шаб дар коргоҳи қаннодии дохили корхона рух дода, бар асари сӯхтор ду нафар донишҷӯёни Донишгоҳи […]

ASIA-Plus



Шаби 19 ба 20-уми сентябр дар комбинати гӯшти шаҳри Қӯрғготеппа сӯхтор сар зада, бар асари он ду нафар ҳалок шуданд.

Котиби матбуотии хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон Суҳроб Қулмаҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сӯхтор тахминан соатҳои 1-и шаб дар коргоҳи қаннодии дохили корхона рух дода, бар асари сӯхтор ду нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба ҳалокат расидаанд.

«Майдони фарогири сӯхтор 84 метри мураббаъро ташкил дода, дастаҳои оташнишонӣ дарҳол ба макони ҳодиса сафарбар шуданд. Коргоҳи қаннодӣ комилан ба коми оташ рафт ва сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқ мешаванд», – афзуд котиби матбуотӣ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъ аз Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, бар асари ин сӯхтор донишҷӯёни соли дуюми таҳсил Мудассир Исмоилов (факултаи филолгияи тоҷик) ва Неъматулло Ҳусейнов (факултаи физика ва риёзӣ) ба ҳалокат расидааснд. «Онҳо шабона дар ин коргоҳ кор мекарданд», – гуфт манбаъ.

Аз рӯи ин далел мақомоти прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа тафтишро оғоз намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.