Ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи коркарди нафт дар Данғара баррасӣ шуд

Чанде қабл зимни вохӯрии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation, CNPC) Гуо Жэнсян масъалаи  сохтмони корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти расида ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи сохтмони ин корхона дар Данғара […]

ASIA-Plus



Чанде қабл зимни вохӯрии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation, CNPC) Гуо Жэнсян масъалаи  сохтмони корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти расида ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи сохтмони ин корхона дар Данғара таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

«Корхона дар минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд гардида, иқтидори он коркарди 1,2 млн. тонна нафт дар як солро ташкил хоҳад дод ва мавриди истифода қарор гирифтани он ахири соли 2015 пешбинӣ мешавад», – гуфтанд дар ҳукумат.

Қобили зикр аст, ки нияти сохтмони корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро ширкатҳои чинии Dong Ying Heli Investment and Development Co. Ltd.  ва China National Petroleum Corporation ҳанӯз ду сол қабл изҳор дошта буданд.

Нахуст ширкат маблағгузории 45-50 млн. доллари ИМА барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хатти дорои иқтидори коркарди то 300 ҳазор тонна нафти хом дар як солро дар нақша дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.