Дарёфти ҷасади як тоҷик назди қуттии партовгоҳ дар Русия

Назди қуттии партовгоҳ дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабов Абдураҳим Шарипович дарёфт шудааст. Бино ба маълумоти сомонаи Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабов Абдураҳим Шариповичи 44-сола, зодаи ноҳияи Ҳисор (шаҳраки Ӯзбекистон), шаби 16 ба 17-уми сентябр дар назди яке аз қуттиҳои партовгоҳ ошкор шудааст. «Ҳарчанд осори зиёди захмҳо […]

ASIA-Plus



Назди қуттии партовгоҳ дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабов Абдураҳим Шарипович дарёфт шудааст.

Бино ба маълумоти сомонаи Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабов Абдураҳим Шариповичи 44-сола, зодаи ноҳияи Ҳисор (шаҳраки Ӯзбекистон), шаби 16 ба 17-уми сентябр дар назди яке аз қуттиҳои партовгоҳ ошкор шудааст.

«Ҳарчанд осори зиёди захмҳо дар сари ҷасад аз ҷароҳат гирифтан гувоҳӣ диҳанд ҳам, вале сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии ноҳияи Истра Магомед гуфтааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон аз сардии беҳад зиёд (хунукхурӣ) фавтидааст», – омадааст дар сомона.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ба хеши аз шаҳри Самара омадаи марҳум аъзои Шӯрои машвратии ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» кумак карда, онҳо ҳамроҳ бо хеши ҳалокшуда Абдуҳаким ба макони дарёфти ҷасад раҳсипор шудаанд.

«Раҷабов Абдураҳим Шарипович се фарзанди ноболиғ дорад. Ҳамватанони шиносҳои наздики ӯ Абдураҳимро як инсони оромтабиату одамдӯст тавсиф мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ аз одатҳои баду зараровар худро канор мегирифт. Ҷасади марҳум айни замон дар мурдахона (морг)-и ноҳияи Истра қарор дорад», – зикр мегардад дар хабари сомона.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.