Имзои ёддошти ҳамкорӣ оид ба сохтмони корхонаи нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 19-уми сентябр дар Душанбе миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ширкати Синтзян Жонтай Синсилу Нонийе Инвест дар бахши сохтмони корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва корхонаи истеҳсоли нуриҳои фосфатӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, зери ёддошти мазкур вазири саноат ва технологияҳои […]

ASIA-Plus



Рӯзи 19-уми сентябр дар Душанбе миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ширкати Синтзян Жонтай Синсилу Нонийе Инвест дар бахши сохтмони корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва корхонаи истеҳсоли нуриҳои фосфатӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, зери ёддошти мазкур вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода ва директори ширкати Чин Ван Чуанченг имзо гузоштанд.

«Иқтидори корхона истеҳсоли 300 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ва 150 ҳазор тонна нуриҳои фосфатӣ дар як сол буда, он ба сифати сӯзишворӣ аз гази тариқи синтез аз ангишт ҳосилшуда кор мекунад. Дар марҳилаи ҳозира ёддошт нияти сохтмони корхонаро ифода намуда, минбаъд ҷонибҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкур созишномаву қарордод ва шартномаҳои зарурӣ ба имзо мерасонанд», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон умедворанд, ки сохтмони корхонаи нави истеҳсоли нуриҳои минералӣ дастрасии деҳқонони тоҷик ба нуриҳои минералии хушсифат ва арзон дар дохили кишварро бамаротиб осонтар хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки айни замон Тоҷикистон барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти бахши кишоварзӣ нуриҳои минералиро пурра аз хориҷи кишвар ворид мекунад. Корхонаи ягонаи истеҳсоли нурии азотӣ (карбамид) барои соҳаи кишоварзӣ – «ТоҷикАзот» соли 1964 таъсис ёфта, бинобар сабаби мавҷуд набудани гази табиӣ, ки аз Ӯзбекистон интиқол дода мешуд, аз соли 2008 аз фаъолият бозмонд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.