Чанде қабл зимни вохӯрии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation, CNPC) Гуо Жэнсян масъалаи сохтмони корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти расида ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи сохтмони ин корхона дар Данғара таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
«Корхона дар минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд гардида, иқтидори он коркарди 1,2 млн. тонна нафт дар як солро ташкил хоҳад дод ва мавриди истифода қарор гирифтани он ахири соли 2015 пешбинӣ мешавад», – гуфтанд дар ҳукумат.
Қобили зикр аст, ки нияти сохтмони корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро ширкатҳои чинии Dong Ying Heli Investment and Development Co. Ltd. ва China National Petroleum Corporation ҳанӯз ду сол қабл изҳор дошта буданд.
Нахуст ширкат маблағгузории 45-50 млн. доллари ИМА барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хатти дорои иқтидори коркарди то 300 ҳазор тонна нафти хом дар як солро дар нақша дорад.



