Имзои ёддошти ҳамкорӣ оид ба сохтмони корхонаи нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон

spot_imgspot_img

Дата:



Рӯзи 19-уми сентябр дар Душанбе миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ширкати Синтзян Жонтай Синсилу Нонийе Инвест дар бахши сохтмони корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва корхонаи истеҳсоли нуриҳои фосфатӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, зери ёддошти мазкур вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода ва директори ширкати Чин Ван Чуанченг имзо гузоштанд.

«Иқтидори корхона истеҳсоли 300 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ва 150 ҳазор тонна нуриҳои фосфатӣ дар як сол буда, он ба сифати сӯзишворӣ аз гази тариқи синтез аз ангишт ҳосилшуда кор мекунад. Дар марҳилаи ҳозира ёддошт нияти сохтмони корхонаро ифода намуда, минбаъд ҷонибҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкур созишномаву қарордод ва шартномаҳои зарурӣ ба имзо мерасонанд», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон умедворанд, ки сохтмони корхонаи нави истеҳсоли нуриҳои минералӣ дастрасии деҳқонони тоҷик ба нуриҳои минералии хушсифат ва арзон дар дохили кишварро бамаротиб осонтар хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки айни замон Тоҷикистон барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти бахши кишоварзӣ нуриҳои минералиро пурра аз хориҷи кишвар ворид мекунад. Корхонаи ягонаи истеҳсоли нурии азотӣ (карбамид) барои соҳаи кишоварзӣ – «ТоҷикАзот» соли 1964 таъсис ёфта, бинобар сабаби мавҷуд набудани гази табиӣ, ки аз Ӯзбекистон интиқол дода мешуд, аз соли 2008 аз фаъолият бозмонд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...