Қабули 10 шаҳрванди Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии Туркманистон

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар бораи қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил дар мактабҳои олии Туркманистон дар соли хониши 2014-2015 фармон ба имзо расонид. Бино ба маълумоти торнамои Turkmenistan.ru, мутобиқи ин санад, ба Вазорати маорифи Туркманистон дастур дода шудааст, ки ба курсҳои яксолаи омӯзиши забони туркманӣ дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ин кишвар таври ройгон 30 нафар […]

ASIA-Plus



Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар бораи қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил дар мактабҳои олии Туркманистон дар соли хониши 2014-2015 фармон ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти торнамои Turkmenistan.ru, мутобиқи ин санад, ба Вазорати маорифи Туркманистон дастур дода шудааст, ки ба курсҳои яксолаи омӯзиши забони туркманӣ дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ин кишвар таври ройгон 30 нафар шаҳрвандони Афғонистон қабул карда шаванд.

«Ҳамчунин барои таҳсил тариқи ройгон дар муассисаҳои таълимии Туркманистон 10 шаҳрванди Тоҷикистон, 4 шаҳрванди Чин ва 1 шаҳрванди Эрон низ қабул мешаванд. Боз ду шаҳрванди Афғонистон дар Туркманистон пулакӣ таҳсил мекунанд», – зикр мегардад дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар доираи иҷрои фармони мазкур Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба роҳаброни вазорату идораҳои дахлдор дастур додааст, ки таҷрибаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишварро густариш дода, таъмини шароити мусоиди будубош ва таҳсили онҳоро таҳти назорат гиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.