Гумрукчиён аз қочоқи навбатӣ ва фурӯши телефонҳои ҳамроҳ ҷилавгирӣ намуданд

Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳодисаи навбатии қочоқ ва ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардани телефонҳои ҳамроҳ ҷилавгирӣ намуданд. Тавре маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ хабар медиҳад,  телефонҳои ҳамроҳ аз Чин ворид шуда, дар қаламрави вилояти Суғд фурӯхта мешудаанд. «Дар пайвастагӣ бо мусодираи 4558 адад телефонҳои мобилӣ, ки ба ду нафар шаҳрвандони Чумҳурии Хитой тааллуқ […]

ASIA-Plus



Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳодисаи навбатии қочоқ ва ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардани телефонҳои ҳамроҳ ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ хабар медиҳад,  телефонҳои ҳамроҳ аз Чин ворид шуда, дар қаламрави вилояти Суғд фурӯхта мешудаанд.

«Дар пайвастагӣ бо мусодираи 4558 адад телефонҳои мобилӣ, ки ба ду нафар шаҳрвандони Чумҳурии Хитой тааллуқ дошт, дар вилояти Суғд, шаҳри Хучанд боз ду нафар тоҷир Хуан Итаув ва Чин Зенг Жиншенг мавриди санҷиш қарор гирифтанд, ки аз онҳо дар ҷамъ 7249 адад телефонҳои мобилӣ мусодира карда шуд», – гуфта мешавад дар иттилои хадамот.

Гуфта мешавад, номбурдаҳо низ ғайриқонунӣ ва бидуни барасмиятдарории гумрукӣ телефонҳои мобилиро харидорӣ намуда, ба фуруш баровардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки оиди ҳолатҳои мазкур парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо дастрасии моддаи 597 Кодекси маъмурӣ ҳуқуқвайронкунии ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.