Дар Душанбе масоили ҷорӣ ва дурнамои Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ мешавад

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари илмиву назариявӣ таҳти унвони «СҲШ: тавсиа, масоили ҷорӣ ва дурнамо» ба кор шурӯъ кард. Семинари мазкур аз ҷониби Маркази иттилоотиву таҳлилии «Сипеҳр» ва мусоидати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ созмон дода шудааст. Дар барномаи семинар шунидани маърӯзаву гузоришҳо ва баргузории мубоҳисаҳо перомуни ҷанбаҳои […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари илмиву назариявӣ таҳти унвони «СҲШ: тавсиа, масоили ҷорӣ ва дурнамо» ба кор шурӯъ кард.






Семинари мазкур аз ҷониби Маркази иттилоотиву таҳлилии «Сипеҳр» ва мусоидати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ созмон дода шудааст.





Дар барномаи семинар шунидани маърӯзаву гузоришҳо ва баргузории мубоҳисаҳо перомуни ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар аст.





Аз ҷумла, интизор меравад, ки гузориши мудири шӯъбаи Донишкадаи масоили иқтисодии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ профессор Ҳоҷимаҳмад Умаров дар мавзӯи «Робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни кишварҳои СҲШ: масоили ҷорӣ ва имконот» муҳокима карда шавад.





Дар кори семинар намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва ҳамчунин шахсони расмии вазорати корҳои хориҷии ҶТ, олимон ва рӯзноманигорон иштирок мекунанд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.