Боздошти фармондеҳи қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ барои қаллобӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистондар шаҳри Душанбе командири ротаи таълимии қисми ҳарбии 2613-и Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, сокини шаҳри Кӯлоб Рустам Сагизовро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, боздоштшуда бо суистифода аз мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванде бо номи Азимов […]



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистондар шаҳри Душанбе командири ротаи таълимии қисми ҳарбии 2613-и Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, сокини шаҳри Кӯлоб Рустам Сагизовро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, боздоштшуда бо суистифода аз мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванде бо номи Азимов даромада, барои интиқол намудани ҷиянаш аз қисми низомии Қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба қисмҳои ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе дар ду ҳолат аз ӯ ба маблағи 600 доллари амрикоӣ пора гирифтааст.

Гуфта мешавад, ин мабалғро ӯ  ба эҳтиёҷоти худ сарф карда, бо ин кирдораш ба шаҳрванд Азимов зарари калони моддӣ расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки қаблан низ ин афсар тибқи моддаи 247-и КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. «Ин дафъа низ дар ҳаракатҳои Рустам Сагизов аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247, қисми-4, банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад. Тафтишот дар ин самт идома дорад», – омадааст дар иттилои Агентии зиддифасод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.