Кормандони Хадамоти гумрук интиқоли ғайриқонунии сигаретҳои «PINE»-ро аз Афғонистон манъ карданд

Date:



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нозирони посгоҳи гумрукии Панҷи Поён» чанде қабл аз интиқоли ғайриқонунии як миқдор сигаретҳои навъи


«


PINE


»


аз Афғонистон ба ҶТ ҷилавгирӣ карданд.






Аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шаҳрванди ҶТ Музаффар Исҳоқов дар бордони он 500 блок сигаретҳои номбурда дарёфт шуд, ки дар декларатсияи гумрукӣ сабт нагардида буданд.





«Сигаретҳои пинҳоншуда мусодира гашта, нисбат ба вайронкунандаи қоидаҳои гумрукӣ чораҳои маъмурӣ татбиқ карда мешаванд», – изҳор дошт манбаъ.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...