Қатли ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанубу ғарби шаҳри Маскав

Субҳи рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт шуд. Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби афроди номаълум ба қатл расонида шуда, айни ҳол ду нафар мардон ва як духтар ба гумонбарӣ дар даст доштан ба ин куштор мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд. Дар […]



Субҳи рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт шуд.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби афроди номаълум ба қатл расонида шуда, айни ҳол ду нафар мардон ва як духтар ба гумонбарӣ дар даст доштан ба ин куштор мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон пайи таҳқиқ ва маълум намудани ҷузъиёти ҳаводиси куштори шаҳрвандонаш масъулинашро ба ҷойи воқеот фиристод.

Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҳамчунин кормандони масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия пайи таҳқиқ ба қисмати ҷанубу ғарби Маскав, кӯчаи Миклухо Маклай сафарбар шуда, ин ҳодисаро пайгирӣ доранд.

 «Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов ҷараёни ин ҳаводисро таҳти назар гирифтааст. Сафорат аз мақомоти русӣ талаб намуд, ки маълумоти расмӣ ва дақиқ дар робита ба ин ҳаводисро пешниҳод намояд», – иброз дошт намояндаи расмии сафорат.

Ёдрас мекунем, ки як рӯз қабл, 11-уми октябр шаҳрванди 26-солаи тоҷик Баҳриддин Шаропов дар Маскав аз ҷониби афроди славянитабор ҳадафи ҳамла қарор гирифта, 3 зарби корд хӯрд ва ба бемористон мунтақил шуд.

Ба гуфтаи Эгамзод, айни замон Бадриддин дар шуъбаи эҳёгарии бемористони №7-и ноҳияи Коломенкскии шаҳри Маскав бистарӣ аст.

«Сафири Тоҷикистон дар ФР Имомуддин Сатторов, ки аз субҳ дар ҷараёни ин ҳодиса буд, дастур дод, ки аз аҳволи ин шаҳрванд мунтазам огоҳ бошем. Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти русӣ талаб шудааст, то ҳарчи зудтар аз рафти таҳқиқ ва тафтишоти ин ҳодисаи хунин сафоратро дар ҷараён гузоранд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.