Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) дар бораи санаи 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе даъват шудани анҷумани пешазинтихоботии ҳизб қарор қабул кард.
Раиси ҲДТ Саидҷаъафр Исмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки дар анҷумани ҳизб ҳудуди 80 нафар вакилон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд.
«Дар палатаи поёнии парлумон, ки интихобот ба он ахири моҳи феврали соли оянда дар назар аст, мо фраксияи худ дар ҳайати 5 нафарро ташкил карданием. Ба раҳбарияти нави ҳизб, ки ахири соли 2013 интихоб карда шуд, то ба имрӯз муяссар гардид, ки бахшҳои ҳизбро дар 54 шаҳру навоҳии кишвар дубора фаъол созад», – гуфт ӯ.
Тибқи ҳисоби пешакии ҲДТ, на камтар аз 5 номзадҳо аз ҳизб ба парлумон ворид хоҳанд шуд. «Талаби асосӣ аз номзадҳо ба вакилӣ аз ҲДТ ватандӯстӣ, қобилияти шунидан ва дарки арзу шикоят ва пешниҳодҳои интихобкунандагон ва то ҳукуматдорон расонидани мушкилоти онҳо, сиёсатмадор будан мебошад, ки тавонад мунсифона манфиатҳои воқеъии миллиро ҳимоят кунад», – иброз дошт С.Исмонов.
То имрӯз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 17-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.



