Олмон ба рушди бахши иҷтимоии Тоҷикистон 36 млн. евро ҷудо мекунад

Дар доираи амалисозии лоиҳаҳо оид ба аз нав таҷҳизонидани таваллудхонаҳо, сохтмони мактабҳо дар вилояти Хатлон, тадбиҳои ҳифзи ҷангал ва бунёди манзили зист барои мутахассисони ҷавон дар манотиқи дурдасти куҳистон ҳукумати Олмон дар муддати 2 сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 36 млн. евро бурс ҷудо мекунад. Дар ин бора имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи амалисозии лоиҳаҳо оид ба аз нав таҷҳизонидани таваллудхонаҳо, сохтмони мактабҳо дар вилояти Хатлон, тадбиҳои ҳифзи ҷангал ва бунёди манзили зист барои мутахассисони ҷавон дар манотиқи дурдасти куҳистон ҳукумати Олмон дар муддати 2 сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 36 млн. евро бурс ҷудо мекунад. Дар ин бора имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Олмон ҷиҳати харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ барои таваллудхонаҳо дар вилояти Хатлон – 14 млн. евро, сохтмони 14 мактаб дар деҳоти вилояти Хатлон – 6 млн. евро, андешидани тадбирҳои ҳифзи ҷангалҳои Тоҷикистон – 8 млн. евро ва бунёди манзили зист барои мутахассисони ҷавон дар манотиқи дурдасти кӯҳистон – 8 млн. евро маблағ ихтисос медиҳад.

Баъди суханронии Саидраҳмон Назриев вакилони парлумони ҷумҳурӣ созишномаҳо аз рӯи лоиҳаҳои дар боло зикршударо, ки тобистони соли ҷорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Олмон ба имзо расида буданд, бидуни баррасӣ тасдиқ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.