Ашқобод барои турманҳои этникии Тоҷикистон мактаб бунёд мекунад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишнома миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бораи сохтмони бино (комплекси биноҳо)-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумқулӣ дар иттиҳодияи кишоварзии «Эргаш Сулаймонов»-и ноҳияи Ҷиликӯлро, ки моҳи майи соли равон зимни сафари расмии президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Душанбе ба имзо расида буд, бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид. Вазири маориф […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишнома миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бораи сохтмони бино (комплекси биноҳо)-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумқулӣ дар иттиҳодияи кишоварзии «Эргаш Сулаймонов»-и ноҳияи Ҷиликӯлро, ки моҳи майи соли равон зимни сафари расмии президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Душанбе ба имзо расида буд, бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки мактаби мазкур барои 540 нафар толибилмони туркманзабон аз ҷониби Ашқобод ба маблағи 3,5 млн. доллари ИМА бунёд мегардад. «Тамоми асбобу таҷҳизоти воридшаванда аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон барои сохтмони ин мактабро ҳукумати кишвар аз пардохти ҳама гуна навъи андозҳо озод мекунад», – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи Нуриддин Саид, ҳукумати ноҳияи Ҷиликӯл аллакай барои сохтмони бинои мактаб қитъаи замин ҷудо кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.