Боздошти маҳбуси фирории ба номуси духтари 5-сола дастдарозикарда

Маҳбуси фирорӣ Намозалӣ Сатторов, ки баъди гурехтан аз зиндон ба дастдарозӣ ба номуси духтари 5-сола гумонбар дониста мешавад, дар шаҳри Душанбе боздошт шуд. Сармуфаттиши шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Саид Салимзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар дарёфти маҳбуси фирорӣ падари ӯ Қӯрбоналӣ Сатторов кумак карда, макони паноҳбарии Н.Сатторовро […]

Сайраҳмон Назриев



Маҳбуси фирорӣ Намозалӣ Сатторов, ки баъди гурехтан аз зиндон ба дастдарозӣ ба номуси духтари 5-сола гумонбар дониста мешавад, дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Сармуфаттиши шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Саид Салимзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар дарёфти маҳбуси фирорӣ падари ӯ Қӯрбоналӣ Сатторов кумак карда, макони паноҳбарии Н.Сатторовро ба муфаттишон хабар додааст.

«Чанде қабл Н.Сатторовро кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи шаҳри Душанбе дар пойтахт дастгир намуданд. Айни замон мо барои дастрасии иҷозатнома барои ҳабси маҳбус мавод омода кардем», – гуфт Салимзода.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи вилояти Хатлон маҳбуси фироркардаро, ки баъди гурехтан аз зиндон ба дастдарозӣ ба номуси духтари 5-сола гумонбар дониста мешавад,

мавриди ҷустуҷӯ эълон карда буд.

Маҳбус Намозалӣ Сатторов дар муассисаи ислоҳии «Кирпичная»-и шаҳри Ваҳдат барои дуздӣ адои ҷазо мекард, вале 15-уми сентябри соли равон аз зиндон гурехта, дар шаҳри Қӯрғонтеппа маскан гирифта буд.

Дар ин шаҳр ӯ бо Г.З., зани бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудошуда шинос ва бо ӯ зиндагӣ мекардааст. Дар остонаи Иди Қурбон ӯ ба зан мегӯяд, ки духтари 5-сола ва писарчаи 3-соларо барои ба тартиб овардани мӯи сарашон ба сартарошхона мебарад, аммо писарчаро дар сартарошхона гузошта, духтачаро бо худ ба ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва дар яке аз майдонҳои он ҷо ба номуси духтарча таҷовуз мекунад. Сокинони маҳаллӣ духтарчаро дар ҳоли беҳушӣ дарёфт кардаанд.

Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Намозалӣ Сатторов бар асоси моддаҳои 130 қ. 3 (Дуздидани кӯдаки ноболиғ) ва 138 қ. 3, б. «а» (Таҷовузи кӯдаки ноболиғ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз кард.


Дар акс маҳбуси фирорӣ Намозалӣ Сатторов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.