Дар Душанбе синамобазми «Дидор» оғоз гардид

Дар Душанбе Синамобазми шашуми байнулмилалии «Дидор» ба кор шурӯъ кард. Ҷашнвора имрӯз дар Хонаи кино бо намоиши филми коргардон Сафарбек Солеҳ «Комил» шурӯъ шуда, сипас филми коргардони арманӣ Диана Карданян «Муколамаҳо» (Диалоги), филми анниматсионии коргардони тоҷик Б.Қаҳҳоров «Буд-набуд» ва филми коргардони Озарбойҷон Нонна Музаффарова-Хонлар-қизи «Алло, ин ман» (Алло, это я») ба маърази тамошо гузошта шуд. […]

ASIA-Plus



Дар Душанбе Синамобазми шашуми байнулмилалии «Дидор» ба кор шурӯъ кард.

Ҷашнвора имрӯз дар Хонаи кино бо намоиши филми коргардон Сафарбек Солеҳ «Комил» шурӯъ шуда, сипас филми коргардони арманӣ Диана Карданян «Муколамаҳо» (Диалоги), филми анниматсионии коргардони тоҷик Б.Қаҳҳоров «Буд-набуд» ва филми коргардони Озарбойҷон Нонна Музаффарова-Хонлар-қизи «Алло, ин ман» (Алло, это я») ба маърази тамошо гузошта шуд.

Шоми имрӯз дар «Кохи Ҷомӣ» маросими расмии ифтитоҳи ҷашнвора доир гардида, дар он филми коргардон Носир Саидов «Муаллим» намоиш дода мешавад.

Дар ҷашнвора синамогарони Арманистон, Афғонистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Эрон иштирок мекунанд. Синамобазм то 20-уми октябр идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.