Нимаи дуюми рӯзи 16 – уми октябри соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумхурии Озарбайҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавариди таваҷҷӯҳи тарафҳо муҳокима шуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурчон Зухуров иброз намуд, ки аз дидани Шумо дар сарзамини тоҷикон ва хайра мақдам гуфтани Шумо аз номи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо хушнудам!
Парлумони Тоҷикистон ба рушди ҳамкории бузургмиқёс бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад, зеро мардумони моро робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва арзишҳову анъанаҳои умумии фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишварҳои мо боз ҳам дӯстони қаринтар гаштанд, ки масоли мушаххаси ҳамкориҳои дуҷонибаро муваффақона ҳаллу фасл намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории мутақобилаи фаъолона роҳандозӣ намудаанд.
Дар ин росто мо бо эҳсоси махсуси самимона Гейдар Алиеви бузург, пешвои умумимилии мардуми Озарбойҷонро ёдоварӣ мекунем, ки ҳамроҳ бо президенти мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳандозии муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар замони муосир саҳми беандоза дошта, ба рушди муваффақонаи онҳо дар замони кунунӣ заминаи боэътимод гузоштанд. Анъанаҳои дӯстиву бародарӣ миёни мардуми кишварҳои мо мунтазам таҳким ёфта, шаклҳои тозаро касб мекунанд. Бешубҳа, омили калидӣ дар ин раванд муносибатҳои дӯстонаву боэътимод миёни сарони кишварҳо, сафарҳои дуҷониба ва вохӯриҳои доимӣ дар шаклҳои гуногун мебошанд, ки ба ҳамкориҳо дар тамоми бахшҳо ҳамеша таҳрики зарурӣ мебахшанд. Мо манфиатдории Озарбойҷон дар тавсеъаву густариши муносибатҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистон, қабл аз ҳама дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро эҳсос менамоем ва мебояд эътироф кард, ки дар ин самт имконоти амалинашудаи зиёде мавҷуданд.
Сарфи назар аз ин, бо итминон метавон гуфт, ки шаҳрвандони мо бо маҳсулоти истеҳсолкунандагони Озарбойҷон ба хубӣ шиносанд. Масалан, «Ҳадяҳои Озарбойҷон» (Дары Азербайджана), бахусус оби анор миёни истеъмолгарони мо талабгорони зиёд дорад. Ба дӯши гурӯҳи дӯстии парлумонҳои кишварҳои мо ба сомон расонидани корҳои зиёде вогузор шудааст. Пеш аз ҳама, дар самти таҳкими заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ ва мусоидат аз ҷониби парлумон ба талошҳои комиссияи байниҳукуматӣ, бахусус дар масъалаи иҷрои шартномаҳо ва созишномаҳои баимзорасида корхои зиёдеро ба анчом расонидан лозим аст.
Масъалаҳои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни халқҳоро низ метавон ба афзалиятҳои ҳамкории мутақобилаи байнипарлумонӣ мансуб донист. Робитаҳои адабӣ ва эҷодии мардумони мо решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Ҳамоса (эпос)-и тоҷикон Гуруғлӣ ва Озарбойҷониҳо Кёрогли намунаи барҷастаи чунин наздикист. Дар осори мусиқӣ низ ба мисли «Шашмақом» ва «Фалак»–и тоҷикону «Мақом» (Муғом) ва «Ошиқ (Ашыг)-и Озарбойҷониҳо низ як умумият дида мешавад. Шукурҷон Зуҳуров ибрози умедворӣ намуд, ки эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ ҳам барои мардуми Озарбойҷониву ҳам барои мардуми мо яксон гиромӣ аст. Асарҳои классикони адабиёти форсу тоҷик Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём ва дигарон ба забони озарбойҷонӣ тарҷума шудаанд. Ба шаҳрвандони мо бошад, китобҳои адибони Озарбойҷон Самад Вургун, Сулаймон Рустам, Расул Рза, Анор Иброҳимов ва дигарон бо забони тоҷикӣ дастрасанд.
Чанде қабл маҷмӯаи нави тарҷумаи асарҳои нависандагони Озарбойҷон бо унвони «Қалби Мадина» (Сердце Мадины) ба табъ расид. Мо ба хубӣ дар ёд дорем, ки тоҷикистониёни зодаи Озарбойҷон дар рушди фарҳанги тоҷикон саҳми босазо гузоштаанд. Инҳо муҳаррири нахустин газетаи тоҷикӣ Мирзо Ҷалол, тарҷумони маъруф Раҳим Ҳошим, муҷассамасоз, муаллифи муҷассамаҳои Айнӣ ва Рӯдакӣ Фуад Абдураҳмонов мебошанд. Ва натанҳо намояндагони фарҳанг, балки Ҳусейнов Мирзодовудро низ метавон хотиррасон намуд, ки солҳои 1930-33 Ҳизби Коммунисти Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард.
Мо огаҳем, ки дар Озарбойҷон ба арзишҳои башардӯстона (гуманитарӣ) таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Форуми байналмилалии чоруми гуманитарии чанде қабл дар Боку баргузоршуда гувоҳи барҷастаи ин гуфтаҳост. Мо аз эъломияи қабулшуда дар форум истиқбол намуда, бо он ҳамраъйем, ки рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ шарти муҳимтарини посухи пурсамари инсоният ба таҳдид ва ситезаҷӯиҳои муосир аст.
Раиси Маҷлиси намояндагон хамчунин афзуд, ки мо дастовардҳои Озарбойҷон дар роҳи расидан ба пешрафт ва шукуфоӣ ва ҳамчунин нуфузи дар ҳоли болоравӣ қарордоштаи ӯро дар арсаи байналмилалӣ бародарона ва бо хушнудии том истиқбол мекунем.
Дастовардҳои Шумо дар мубориза бо камбизоатӣ ва бекорӣ, дар бахши истифодаи дуруст ва самараноки даромадҳо аз нафт ва табдили «тиллои сиёҳ» ба сармояи инсонӣ касро тасхир месозанд ва бешубҳа, намунаи омӯзиш барои дигар кишварҳо мебошанд, ки дорои чунин мушкилотанд. Дар ин пешравӣ бешубҳа фаъолияти фидокоронаи Шумо дар раҳбарии кишвар нақши ҳалкунанда дорад.
Ташаббусҳои байналмилалии Озарбойҷон ҳамеша ба ҳаллу фасли мушкилоти мубрами ҷаҳони муосир, мусбат ҷараён гирифтани равандҳои ҷойдошта дар дунё ва рушди муносибатҳои судманди мутақобилаи байнидавлатӣ нигаронида шудаанд.
Гумонам бо Президенти мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, роҳандозии самтҳои нави ҳамкориҳо гуфтугӯи муфассале анҷом додед. Мутмаинам, ки тавофуқоти ҳосилшуда дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон сафҳаи нав боз намуда, барои фаъолияти муштараки минбаъдаи ҷонибҳо баҳри таъмини некӯаҳволии мардумони кишварҳои мо заминаи мустаҳкамеро фароҳам меоваранд.
Иҷозат фармоед Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми бародари Озарбойҷон сулҳу осоиш, шукуфоӣ ва дар меҳнати созандаашон комёбиҳои нав таманно созам!, – гуфт дар анчоми мулокот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Президенти Чумхурии Озарбайчон Илхом Алиев Шукурчон Зухуров ва хамрохони уро барои пазиройии самими изхори сипос намуда, афзуд, ки раванди муносиботи Душанбе ва Боку ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб мекунад.
Аз он шодам, ки –гуфт у миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ чиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад ва чониби Озарбойчон дар оянда низ талош мекунад, ки фазои аз ин ҳам беҳтари қонуниву ҳуқуқиро барои густариши муносиботи дуҷониба фароҳам биёрад.
– Ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Тоҷикистон дорои як идда муштаркоти фарҳангиву таърихӣ ва мазҳабӣ мебошанд ва ин муштаракот метавонад заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкориҳои дигар соҳаҳо ба вуҷуд орад,- гуфт Илхом Алиев ва илова намуд, ки миллати озару тоҷик аз қадим байни якдигар дар бахшҳои мухталиф ба таври инфиродиву дастаҷамъӣ ҳамкорӣ ва муносибати дӯстона доштанд ва хушбахтона, ин шеваи муносибат то имрӯз ҳифз гардида, сол аз сол густариш ёфта истодааст. Президенти Ҷумхурии Озарбайчон Илхом Алиев ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Озарбойҷону Точикистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки фаъолият доштани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду кишвар заминаи хуберо барои таҳкими ин муносибот ба вуҷуд меорад.
Боздиди ҳайатҳои парлумонии ду кишвар аз мамлакатҳои ҳамдигар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалидошта кӯмак хоҳад кард. То имрӯз байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон санадхои зиёди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд ва имзои ин санадҳо фазои ҳамкориҳои гуногунсоҳаро байни ҷумҳуриҳои мо боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.
– Ман ба мардум ва миллати точик назари нек дорам ва дар оянда низ аз тамоми имконот ва маҳорати худ барои таҳкими ҳамкориҳои мамлакатам бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳам кард, – гуфт дар анҷоми мулоқот Президенти Ҷумхурии Озарбайҷон Илҳом Алиев.
Дар мулоқот ҳамчунин Миралиев Амиршо муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салимзода Олим раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, итиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Ватанов Маҳмадалӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Давлатов Убайдулло раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлати ва худидораи маҳаллӣ, Саидмуродов Лютфилло раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон иштирок намуданд.



