Ҷамъоварии беш аз 76 ҳазор тонна ҳосили пахта дар Суғд

Бино ба маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, ба санаи 17-уми октяри соли равон аз нақшаи пешбинишудаи 115 ҳазор тонна дар минтақаи шимоли кишвар 76 ҳазору 114 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 66,2%-и нақшаро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар ноҳияи Ашт – 7655 тонна, Бобоҷон Ғафуров – 11221 тонна, Зафаробод – […]

Баҳром Файзуллоев



Бино ба маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, ба санаи 17-уми октяри соли равон аз нақшаи пешбинишудаи 115 ҳазор тонна дар минтақаи шимоли кишвар 76 ҳазору 114 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 66,2%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар ноҳияи Ашт – 7655 тонна, Бобоҷон Ғафуров – 11221 тонна, Зафаробод – 13299 тонна, Конибодом – 9764 тонна, Мастчоҳ – 15551 тонна, Спитамен – 8463 тонна, Ҷаббор Расулов – 10131 тона, Истаравшан – 20 тонна ва Исфара – 10 тонна ҳосили имсолаи пунбадона ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар маҷлиси ҷамъбасти нуҳмоҳа раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ва ҳамчунин роҳбарони корхонаву ташкилотҳоро барои вазъи ғайриқаноатбахш дар масъалаи ташкили маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта мавриди интиқод қарор дод.

Ӯ зикр кард, ки аз 68 ҳазор нафар саҳмдорони вилоят бояд 48 ҳазор нафар ба маъракаи чиниши пахта сафарбар карда шаванд, аммо ин рақам имрӯз танҳо 34 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳанӯз дар майдонҳои навоҳии Зафарободу Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт пахтаи чиниши якум боқӣ мондааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.