Иштироки сарвари давлат дар карнавал ба ифтихори ҷашни пойтахт

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт ба истиқболи солгарди 90-уми шаҳри Душанбе карнавали бошукӯҳи идона баргузор шуд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти олии ҳокимияти давлатии қонунбарор ва иҷроияи Тоҷикистон, меҳмонони сершумор аз дохилу хориҷи мамлакат ва сокинони бешумори шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ […]

ASIA-Plus



Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт ба истиқболи солгарди 90-уми шаҳри Душанбе карнавали бошукӯҳи идона баргузор шуд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти олии ҳокимияти давлатии қонунбарор ва иҷроияи Тоҷикистон, меҳмонони сершумор аз дохилу хориҷи мамлакат ва сокинони бешумори шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар майдони Нишони давлатии Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва аҳли ҷамоаи пойтахт бо шукӯҳи хоса ва шукргузории самимӣ аз фазои орому осуда ва ободию сарсабзии ватани азизамон истиқбол гирифтанд.

Барои карнавали идона бахшида ба солгарди 90-уми шаҳри дилорои Душанбе аз майдони Нишони давлатии Тоҷикистон то боғи зебои Наврӯзгоҳ ҳама ҷо ба таври идона ороста буд.

Таҳиягарону ташкилкунандагони ин тантанаи бузург саҳни шаршараи боғи Наврӯзгоҳро макони марказии карнавали идона интихоб намуда, онро хеле зебо ороста буданд.

Дар барномаи бошукӯҳи карнавали идона устодони санъату фарҳанг, аз театрҳои касбӣ, дастаҳои гуногуни ҳунарӣ, сарояндагону навозандагони шинохта ва ҳам гулғунчаҳои наврӯидаи санъати тоҷик иштирок намуда, фазои бошукӯҳи идона ба миён оварданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.