Рӯзҳои 27-28 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад гашт.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мақсади баргузории Нахустин анҷумани сармоягузории СҲИ барои Осиёи Марказӣ тамаркуз кардан ба масъалаҳои рушди сармоягузорӣ ба иқтисоди он кишварҳо дар чаҳорчӯби Нақшаи СҲИ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, коҳиши камбизоатӣ, маориф, илму техника, сайёҳӣ ва тандурустиро дар бар мегиранд.
Дар кори анҷумани мазкур аз иштирок ва суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, котиби кулли СҲИ Иёд Амин Маданӣ, президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, президенти Палатаи исломӣ оид ба савдо, индустрия ва кишоварзӣ (ICCIA) Солеҳ Абдулло Камол интизорӣ меравад.
Дар анҷуман намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Бо назардошти зарурати тавсеъа ва густариши шарикии минтақавӣ ва ҳамгиройии иқтисодӣ, ба шумули кишварҳои осиёимиёнагии узви СҲИ Афғонистон ва Озарбойҷон низ ба Анҷуман шомиланд.
Дар ҳамин ҳол, дар торнамои расмии Бонки исломии рушд бахшида ба форуми Душанбе
як саҳифаи махсус
боз шудааст.



