Баррасии масъалаи афви муҳоҷирони хориҷшуда дар Маскав

Чанде қабл дар шаҳри Маскав вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановксий баргузор шуд, ки дар он маҷмӯи васеи масъалаҳои муҳму рӯзмаррра ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл дар шаҳри Маскав вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановксий баргузор шуд, ки дар он маҷмӯи васеи масъалаҳои муҳму рӯзмаррра ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар мулоқот ба ҷараёни амалисозии қарордодҳо оид ба бекор кардани манъи вуруд ба Русия барои гурӯҳҳои ҷудогонаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан оид ба манъи вуруди онҳо ба қаламрави Русия бинобар сабаби риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар қарор қабул шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои марбут ба бо бима (суғурта)-и тиббӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифтани муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, беҳбуди самаранокии тадбирҳо оид ба омодасозии муҳоҷирони корӣ дар дохили кишвари онҳо ва сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирон табодули назар намуданд.

Ёдрас мекунем, ки айни замон барои қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷирати Русия, ба беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба ин кишвар манъ шуда, онҳо муддати 3-5 сол ба сафар ба қаламрави Русия ҳуқуқ надоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.