Дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс» барқарор шуд

Пас аз муддати ду рӯз баста шудани торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» – www.news.tj дастрасӣ ба сомона барои корбарони тоҷик барқарор шуд. Қариб тамоми ширкатҳои фароҳамсози шабакаи интернет, ки дастрасӣ ба торнаморо рӯзи 21-уми октябр қатъ карда буданд , дубора онро барқарор намуданд. Тайи моҳи ахир ин кӯшиши дуюми маҳдуд сохтани дастрасии аҳолӣ ба сомонаи мустақили […]

ASIA-Plus



Пас аз муддати ду рӯз баста шудани торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» –


www.news.tj


дастрасӣ ба сомона барои корбарони тоҷик барқарор шуд.

Қариб тамоми ширкатҳои фароҳамсози шабакаи интернет, ки дастрасӣ ба торнаморо

рӯзи 21-уми октябр қатъ карда буданд

, дубора онро барқарор намуданд.

Тайи моҳи ахир ин кӯшиши дуюми маҳдуд сохтани дастрасии аҳолӣ ба сомонаи мустақили интернетӣ аст. Қаблан дастрасӣ ба сомона 

10-уми октябр

 қатъ гардида, вале рӯзи дигар дубора барқарор шуд. Сабабҳои қатъи дастрасӣ ба сомона то ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонанд.

Раҳбарияти гурӯҳи расонахои «Азия-Плюс» ба ҳама корбарони торнамо, ки сарфи назар аз маҳдудиятҳо, моро дастгирӣ намуда, хонандаи сомона боқӣ монданд, миннатдорӣ изҳор мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.