Сайёра Мирзоева хонумест нобино, ки бинобар таъхир дар ҳуҷҷатгузории хонаи давлатии сеҳуҷраӣ, баъд аз муборизаи дусола ва се мурофиаи додгоҳӣ яқин аст, бо ягона сарпаноҳаш «падруд» гӯяд, агар даъвогар – соҳибмулк – шаҳрдории Қӯрғонтеппа онро бозпас ба вай надиҳад.
Аз ту буд, аз ман шуд
«Дар хонаи ҳамсоя як-ду рӯз истодем. Дар хонаи ака «нағунҷидем», чунки янга ғур-ғур кард. Дар масҷидҳо зиндагӣ кардем… Қудрати нақли ҳамаашро надорам… Ман наметарсонам, аммо агар моро боз аз манзиламон берун карданӣ шаванд, худаму кӯдакҳоро дар як хона… (Охири ҷумла бо мақсади пешгирӣ аз таъсири манфии равонӣ ба хонандаи гиромӣ зикр нашуд. – З. Ҳ.)».
Ин сатрҳои пурдард аз забони Сайёра Мирзоева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа оварда шудаанд. Камобеш ду сол инҷониб ӯ барои маҳрум нашудан аз манзилу бом, ба қавли худаш, «судбозиву коғазбозӣ» дорад. Аммо ахиран Додгоҳи вилояти Хатлон хулоса баровард, ки ин зани нобиною камбизоатро аз манзиле, ки 12 сол боз дар он сукунат дорад, бо 4 фарзанди болиғу ноболиғаш берун кунад. Ин амал дар асоси даъвои шаҳрдории Қӯрғонтеппа бе додани хонаи дигар сурат мепазирад. Дар ҳоле ки фасли сармо дар мекӯбад.
Баҳси манзили мазкур, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Кайҳоннавардон, бинои 28, ҳуҷраи 10 воқеъ аст, пас аз ирсоли аризаи шикоятӣ ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Сайёра Мирзоева дар моҳи марти соли 2013 зоҳиран ҳал шуда буд. Зимнан, Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа 5-уми августи соли 2013 парвандаро ба фоидаи С. Мирзоева ҷамъбаст карда буд. Вале шаҳрдории Қӯрғонтеппа дар муҳлати муқарраршуда аз рӯйи ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят набурд. Зиёда аз ин, Шарифхон Самиев, собиқ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, ба зердастонаш супориш дода будааст, ки манзил ба номи хонум Мирзоева ҳуҷҷатгузорӣ шавад, аммо…
“Самиев гуфта буд, ки дуруст кардани ҳуҷҷатҳои хонаатро ба Шамсулло Раҷабалиев, ки он вақт мудири бахши коммуналӣ ва манзили шаҳр буд, вогузор кардам. Вале баъди супурдани ариза дар хусуси вобаста кардани ин хона ба номи худам, вақте ҳар ҳафта назди Раҷабалиев мерафтам, мегуфт, ки «Аввали моҳ биё», «Охири моҳ биё». Ниҳоят, баҳона кард, ки «Дар зимистон андаке душвор аст. Гармтар шавад, ҳуҷҷатҳоятро ба комиссияи манзили шаҳр пешниҳод мекунем. Баъди Наврӯз биё». Як вақт занг зада пурсидам, гуфт: «Медонӣ, ки раиси шаҳр иваз шуд?». Ва се рӯз пас аз он муроҷиат як коғаз фиристода, аз аҳли оилаи мо талаб карданд, ки дар муҳлати се рӯз хонаро холӣ кунем”, – ба ёд меорад Сайёра Мирзоева.
Ба қавли ӯ, сабаби дар муқобили ин ҳама даъвоҳои ҳукумати шаҳр то андозае ночор монданаш он аст, ки ӯ соли 2002 пас аз харидани манзили мазкур аз шаҳрванд Анатолий Тишенко бо нархи 1800 доллари амрикоӣ ва гирифтани ваколатнома аз ӯ, муҳлати қонунии ба номи худ сабт кардани хонаро аз даст додааст. «Ба бемории чашм гирифтор шуда, оҳиста-оҳиста биноиямро аз даст додам. Азбаски шавҳарам дар Русия майзада шудаву аз ҳоли мо хабар намегирад, овораи калон кардани чор тифл ва баъдтар андармони табобати чашм шуда, манзиламро шахсӣ карда натавонистам. Аммо ҳаққи хизматҳои коммуналиро ҳамеша пардохт мекардам», – афзуд Сайёра Мирзоева.
Кодекси манзил чӣ мегӯяд?
Баҳри равшан кардани масъала хостем назари Тағоймурод Қосимов, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар умури коммуналиро дониста бошем. Ӯ зимни як тамос гуфт, ки «Ҳуқуқшиноси ҳукумат (манзураш Амон Шаймонов. – З. Ҳ.) ва Шамсулло Раҷабалиев дар кори суд иштирок доштанд. Онҳо медонанд. Аз ҳамонҳо пурсед… Бародар, ман ин гуна проблема даҳҳо адад дорам…».
Намояндаи расмии шаҳрдории Қӯрғонтеппа дар баҳсҳои судӣ – ҳуқуқшинос Амон Шаймонов, чун ба дафтари кориаш рафтем, аз шарҳи қазия худдорӣ кард ва гуфт: «Аввал бо роҳбарам гап занед».
Ба қавли Искандар Абдуллоев, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, Сайёра Мирзоева ҳаққи дар ин хона зиндагӣ кардан надорад. «Дар Кодекси манзили ҶТ омадааст, ки дар сурати шаш моҳ дар хона истиқомат накардани истифодабаранда, соҳибмулк метавонад шартнома, кироя ё ин ки ордерро бекор кунаду ба шахси эҳтиёҷманди дигар супорад. Анатолий Тишенко чӣ ҳуқуқ дошт, ки хонаро ба каси дигар диҳад?! Ӯ соҳибмулк набуд… Инҳо як давраи муайян дар ҳамон хона тамоман набуданд. Яъне аз пайи корҳои худашон рафта, дар ҳар куҷо гаштанд. Табобат аст, чӣ аст, инро ҳар кас аз нуқтаи назари манфиати худ асоснок мекунад. Мумкин Мирзоева бизнес рафта буд. Аризаашро хондам. Навиштааст, ки тилловориҳоямро баъд аз хонаамро гирифтан дуздидаанд. Ин гапҳо агар асос дошта бошанд, бояд парвандаи ҷиноятӣ кушода мешуд. Аммо ӯ барои асоснок кардани баҳс ҳар чиз гуфтан мегирад», – афзуд Абдуллоев.
Шамсулло Раҷабалиев, мудири феълии шуъбаи кор бо маҳаллаҳо дар ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа, нафаре, ки болотар С. Мирзоева аз ӯ ном гирифт, айни суханҳои роҳбари дастгоҳи раиси шаҳрро такрор карда, дар ҳамаи ин дарҳамбарҳамӣ худи Сайёраро гунаҳкор донист.
Алихон Баротов, прокурори калони шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи вилояти Хатлон, ки бинобар вазифаи хидматӣ аз ҷузъиёти баҳс хуб огоҳ аст, чунин гуфт: «Ҳамаи ҳолатҳоро ба назар гирифта, мо хулосаамонро дар суд гуфтем. Ҳамон касе, ки айни ҳол хона дар дасташ аст (манзур Сайёра Мирзоева. – З. Ҳ.), ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандае, ки хона моликияти ӯст ва дар он зиндагӣ кардааст, надорад. Агар ман гӯям, ки барои фалон хона ҳуҷҷат доштам, аммо гумаш кардам, шумо бовар мекунед?».
Собирзода Зайдуллои Фозил, раисикунандаи феълии мурофиаи гражданӣ аз Суди вилояти Хатлон гуфт, ки чун Сайёра Мирзоева дар муҳлати муқарраршуда хонаро шахсӣ накард, иддаои шаҳрдории Қӯрғонтеппа ботил нест. «Суд аз доираи талаботи дурусти даъво берун баромада наметавонад. Талабот чизе бошад, мо ҳамонро татбиқ мекунем», – афзуд ӯ.
Дар ин росто барои гирифтани андешаи ҳуқуқшиноси холис бо Ғулом Бобоев, сардори Раёсати мушовараи адвокатҳои вилояти Хатлон ҳамсуҳбат шудем. Ӯ баъд аз шунидани моҳияти масъала гуфт, ки агар С. Мирзоева муҳлати истифодаи ваколатномаро аз даст дода бошад, ҳазор кӯшиш кунад ҳам, мегӯянд, ки ӯ ҳуҷҷати расмӣ надорад ва худсарона ба ин хона даромадааст. «Ҳамчун инсон дилам ба Сайёра месӯзад. Аммо то дар Кодекси манзили ҶТ дар хусуси афзалият додан ба маъюбон ҳангоми чунин баҳсҳо тағйиру иловаҳо ворид нагардад, ҳеҷ кор карда намешавад. Дар ин ҳолат ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи кодекси мазкур ҳуқуқ дорад, ки хонаро ба ҳолати аввалааш баргардонда, ба касе, ки хоҳад, диҳад», – иброз дошт Бобоев.
Оё суд хато кардааст?
Ду нуктаи суолбарангез. Аввалан, қазияи мазкурро, ҳарчанд С. Мирзоева иддао дорад, ки Дилшод Шарифов, корманди Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар «чигилсозӣ»-и он даст дорад, ду дафъа маҳз Суди шаҳри Қӯрғонтеппа баррасӣ кардааст. Яъне Дилшод Шарифов, ки хонаи зикршударо ҳангоми оғоз гардидани баҳс гирифта тавонист ва се моҳ ҳам зиндагӣ карда буд, боз гирифтанист.
Ҳамин тариқ, маротибаи нахуст 29-уми майи соли 2013 ин қазия таҳти раисии додрас Ҳасан Муъминов ба манфиати Сайёра Мирзоева ҳал шуда буд. Баъдан 17-уми июни соли 2014 раисикунандаи дигари ин мурофиаи гражданӣ Раҳмат Қосимзода шаҳрдории Қӯрғонтеппаро ҳақ баровард. Ҳамакнун, ба гуфтаи Сайёра Мирзоева, Суди вилояти Хатлон низ корро ба фоидаи шаҳрдории Қӯрғонтеппа мехоҳад ҳал кунад.
Нуктаи дигарро Саидҷаббор Алиев, вакили мудофеи Сайёра Мирзоева баён кард. Ӯ мегӯяд, ки Суди вилояти Хатлон аризаи даъвогии ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппаро ба баррасӣ гирифта, худ хато кардааст. Вай афзуд: «Дар ҳоле ҷониби даъвогар ҳанӯз зимни мурофиаи соли 2013 аризаи худро пас гирифта, бо хулосаи Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа розӣ шуда буд, ҳаққи аз нав талаб гузоштан дар назди судро надошт. Дар моддаи 64, қисми 2-и Кодекси мурофиавии граждании ҶТ омадааст: «Ҳолатҳое, ки бо санади эътибори қонунӣ пайдокардаи судӣ оид ба парвандаи граждании қаблан баррасигардида муқаррар шудаанд, барои суд ҳатмӣ буда, онҳо ҳангоми баррасии дигар парвандаи гражданӣ, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешаванд ё мавриди баҳс қарор намегиранд». Моддаи 226, қисми 1-и ҳамин Кодекс ин нуктаро чунин тақвият бахшидааст: «Баррасии парванда тибқи таъинот қатъ мегардад. Ҳангоми қатъ намудани баррасии парванда муроҷиати такрорӣ ба суд оид ба баҳси байни ҳамин тарафҳо вобаста ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо иҷозат дода намешавад».
Алиев ҳамчунин тазаккур дод, ки аз рӯйи таъиноти мурофиаи аввалӣ ва ҳалномаи дувумӣ дар Суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба Додгоҳи вилояти Хатлон аризаи касатсионӣ ирсол карда буданд, ки дар натиҷа 13-уми октябри соли равон ба Суди Олии ҶТ аризаи назоратии олӣ расонида шуд.
Вале бар хилофи ин иддаои вакили мудофеи хонум Мирзоева, додситон Алихон Баротов Суди вилояти Хатлонро «дурусткор» хонд. «Хаторо Суди шаҳри Қӯрғонтеппа содир карда буд ва ҳоло Суди вилоят онро ислоҳ мекунад», – афзуд ӯ.
Хонаро кӣ соҳиб шуданист?
Сайёра Мирзоева мегӯяд, ки Дилшод Шарифов, корманди Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа гӯё хонаи ӯро ҳанӯз соли гузашта аз кадом масъулони ҳукумати шаҳр бо қимати 15 ҳазор доллари амрикоӣ харида, аз ин миқдор танҳо 4 ҳазор долларашро ба дасти онҳо додааст. «Ин гапро ман аз даҳони як корманди Суди шаҳри Қӯрғонтеппа шунида, зиқ шудам», – гуфт Мирзоева ва афзуд, ки Шарифов ҳозир ҳам барои комилан гирифтани он манзил ба назди масъулони ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа «одам дароварда истода», ҳамзамон суд-иҷрочиёнро маҷбур дорад, то оилаи онҳоро тезтар аз хона бадар кунанд.
Аммо Дилшод Шарифов дар суҳбат бо мо ин иддаои С. Мирзоеваро куллан рад кард. «Ман даъво накардаам, даъво ҳам надорам ва дар ҳамон парвандаи гражданӣ на шоҳидам, на ҷавобгар ва на ҳамҷавобгар. Ман дар он хона кӯшиши зиндагӣ кардан ҳам надорам ва бо ягон масъули ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамсуҳбат шуда, нагуфтаам, ки маро дар ҳамон манзил ҷо кунед ё ин ки онро ба ман вобаста кунед», – изҳор дошт Шарифов.
Зимнан, Шамсулло Раҷабалиев, собиқ мудири бахши коммуналӣ ва манзили шаҳри Қӯрғонтеппа «айб»-ро барои соли гузашта се моҳ бехона мондани хонум Мирзоева бар дӯши Дилшод вогузошт. «Як одам (манзураш Дилшод Шарифов. – З. Ҳ.) ба мо ариза навишта (ба масъулини ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа. – З.Ҳ.), хоҳиш кард, ки «Хизматҳои коммуналии ҳамон хонаро месупораму нигоҳубинаш мекунам. Онро ба ман вобаста кунед». Мо ба он кас вобаста кардем. Вақте муайян шуд, ки дурӯғ мегӯяд, қарорҳоро бекор кардем», – афзуд Раҷабалиев, аммо нагуфт, ки Шарифов ҳозир ҳам даъвои гирифтани он хонаро дорад ё не.
Сайёра Мирзоева дар мавриди дафъаи аввали хонаашро гирифтани Дилшод Шарифов ва баъдан бадар кардани ӯ аз он ҷо як даъвои дигар ҳам дорад. Гӯё пас аз дубора ба хонааш соҳиб шудан, дида будааст, ки баъзе молу матои қиматноки рӯзгори чандсолааш рабуда шудааст. Ин нукта дар ҳар як аризае, ки Мирзоева ба судҳо манзур кардааст, дарҷ ёфтааст. Лек аз надоштани далели кофӣ, хонум Мирзоева дар исботи он то ҳол муваффақ нашудааст.
«Дар ҳамон шаҳри Турсунзода наистодӣ?»
Сайёра Мирзоева арзашро ба раиси собиқи шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев ҳангоми чанд суҳбат расонида буд. Пас аз он ки Амирулло Асадулло ба мақоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин гардид, ду дафъа ба қабули ӯ низ комёб шудааст, ки тафсилоташ аз қавли С. Мирзоева чунин аст:
«Вақте ба қабули раиси шаҳр даромадам, гуфтам, ки «Хонаамро ҳукумати шаҳр гирифтанист». Ҳоҷӣ Амирулло ҳуқуқшиноси ҳукумати шаҳр Шаймоновро пурсид, ки «Ин зан сокини шаҳри Қӯрғонтеппа аст?». Шаймонов гуфт, ки «Не…». Раис аз ман пурсид: «Дар куҷо таваллуд шудаӣ?». Гуфтам: «Дар шаҳри Турсунзода». Гуфт: «Дар ҳамон шаҳри Турсунзода наистодӣ?». Гуфтам: «Ман шавҳар карда омадам. 16-17 сол шуд дар Қӯрғонтеппа зиндагӣ дорам». Гуфт: «Кори ту судӣ аст. Ба суд муроҷиат кун».
Ин дафъаи якум буд. Вақте дафъаи дуюм рафтам, худамро муаррифӣ карда, гуфтам, ки «Ман Мирзоева Сайёра, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Кайҳоннавардон, бинои 10…». Гашта гуфт, ки «Нагӯй аз шаҳри Қӯрғонтеппа. Аз шаҳри Турсунзодаам бигӯ!». Гуфтам, ки «Чаро ин хел мегӯед? Ман дар шаҳри Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекунам. Дар Турсунзода нестам». Гапамро тамоман гӯш накарда, дигар одамро хезонд. Баъд масъули қабули шаҳрвандон дар ҳукумати шаҳр Тӯрахонова Зарина аз китфам кашида, гуфт: «Баро, баро! Дар пеши дар ист. Ҳозир ҳамаро ҷавоб диҳад, дуюм бор медароӣ». Дар пеши дар истодам, лекин маро надароварданд. Гиря карда, хона омадам».
Нондеҳи оила – писарони 17 ва 18-сола
Азбаски шавҳари Сайёраи маҳрум аз қувваи босира (нафақаи маъюбияш – 130 сомонӣ) майзада будааст ва аз Русия ба хонаводааш на пул мефиристодааст ва на кӯмаки дигар мерасонидааст, Абӯбакр ва Ҷаҳонгири 17 ва 18-сола маҷбур шудаанд, барои таъмини рӯзгор ба Русия муҳоҷир шаванд.
«Ҳарчанд ин даводави ман ду сол боз давом дорад, вале дар ниҳоди масъулони ҳукумати шаҳр раҳм нест, ки ҳамин зан аз куҷо пул меёбад, чӣ сарфҳо дорад, – мегӯяд модари ин мардикорбачаҳо. – Бовар кунед, ман барои ҳалли баҳс аз бонки «Ҳумо», аз хешу табор қарз мегирам. Ҳар як коғазро нусхабардорӣ мекунӣ, ин сӯ медавӣ, он сӯ медавӣ, назди инашу онаш меравӣ, бе пул намешавад. Адвокат бе пул коратро пеш намебарад. Як ариза нависад, пул мепурсад. Вале инро касе ба назар намегирад. Ду гулписари яке болиғу дигаре ноболиғам аз маҷбурӣ дар Русияанд… Мехостам, ки хонанд, оянда барои худашон одам шаванд. Зӯрам омад, онҳоро ба он ҷо фиристодам. Писари ноболиғам Абӯбакр то ҳол кор наёфтааст. Мегӯям: «Бачаҷон, хез, Тоҷикистон биё!». Мегӯяд: «Буваҷон, ман чӣ хел равам? Бекор як хӯрандаи зиёдатӣ мешавам». Писари калониам дар мағоза «грузчик» кор карда, ҳар моҳ 5 ҳазор рубли русӣ равон мекунад. Вале пули мефиристодааш фақат дар кашмакаши ҳамин хона сарф мешавад… Дар қарз «ғӯтидаем». Лекин ҳукумат бояд камтар дилаш сӯзад-ку. Ман маъюб ҳастам, намебинам. Азбаски доим дар роҳам, фарзандонам аз таълиму тарбия дур мондаанд. Аз ҷонам сер шудаам. Чӣ кор карданамро намедонам…», – афзуд Мирзоева.
Муҳтоҷтар аз нобинои камбизоат кист?
Чун аз Искандар Абдуллоев, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа донистан хостем, ки шаҳрдории Қӯрғонтеппа дар сурати гирифтани хона онро ба кӣ медиҳад, гуфт, ки пас аз омӯхтан ба нафари хеле ниёзманд дода мешавад. «Мирзоева нобино аст. Аммо агар каси дигаре ояд, ки бепо аст ва боз ду бачаи дигар дорад, ки якеаш бепою дигараш бедаст, хонаро ба кӣ диҳем? Дар ин маврид шумо тарафи киро мегиред?», – ба пурсишамон суол гузошт Абдуллоев.
Майдамо Маҳмадёрова аммо бар ин бовар аст, ки ин хонаи баҳсӣ ҳаққи ҳалоли ҳамсояаш Сайёра Мирзоева мебошад ва аз ӯ дида нафари ниёзмандтар ба манзилро пайдо кардан мушкил аст. «Зиндагии ҳамсояи ман хуб нест. Бечора маҷруҳ аст, кор карда наметавонад. Дар роҳ чанд дафъае, ки ҳамроҳияш кардаам, агар дасташро нагирам, пешпо хӯрда, меафтад. Ин қадар сол зиндагӣ кард, боз чӣ хел хонаашро каси дигар мегирад? Тамоми сокинони бинои мо медонанд, ки ӯ хонаро харидааст. 10 сол боз ҳамсояем, бадиашро надидаем. Аз ҳама ҷиҳат инсони хуб аст», – афзуд Маҳмадёрова.
Маҳбуба Муъминова, ҳамсояи дигари С. Мирзоева, низ бар ҳамин назар аст. «Ман шоҳидам, ки дар вақташ ин зан ҳамин хонаро харида буд. Се моҳе, ки ӯро ба хонааш роҳ надоданд, азоби зиёд кашид. Ҳамроҳи кӯдакҳояш дар хонаи ҳамсояҳо зиндагӣ кард. Дар масҷидҳо хоб карданд. Мо мехоҳем, ки ӯ хонаашро пас бигирад ва якҷо бо кӯдаконаш зиндагии осуда дошта бошад», – гуфт Муъминова.
Сабақи Раҳмон
Якчанд нафари аз ин баҳс огоҳ иброз доштанд, ки «Ҳарчанд волоияти қонун хеле муҳим аст, лек таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки гоҳо гуноҳеро бахшидан нашъаи нотакрор дорад. Мисле ки ахиран Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон гуноҳи гурӯҳе аз зиндониёнро афв кард. Наход гуноҳи ин зани бечора аз кирдорҳои шахсони қаблан ҷинояткарда ҳам вазнинтар бошад? Сайёра Мирзоева агарчи бепарвоӣ кардааст, аммо як қонуни нонавишта ҳам вуҷуд дорад, ки онро қонуни инсоният ва инсоф гӯянд».
Муроҷиати хонуми ниёзманд ба шаҳрдорӣ
Сайёра Мирзоева: « Аз ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа, аз раиси муҳтарам Ҳоҷӣ Амирулло хоҳиш дорам, ки хонаи моро баргардонанд. Дар зимистони қаҳратун ман бо фарзандонам куҷо меравам? Инсоф кунед. Ман ин хонаро харидам. Хатоям ҳамин аст, ки онро шахсӣ накардам » .



