Дар Бадахшон «Хоруғи нав» бунёд мекунанд

Қаламрави маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ васеъ карда шуда, ҳукуматдорон ният доранд, ки як мавзеъ бо номи «Хоруги нав» бунёд кунанд. Тавре «Россия для всех» бо истинод ба Шодихон Ҷамшедов, раиси ВМКБ хабар медиҳад, барои сохтмони мавзеи «Хоруғи нав» 200 гектар қитъаи замин ҷудо гардидааст. «Хоруғ аз аввал бидуни нақшаи генералӣ […]

ASIA-Plus



Қаламрави маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ васеъ карда шуда, ҳукуматдорон ният доранд, ки як мавзеъ бо номи «Хоруги нав» бунёд кунанд.

Тавре

«Россия для всех»

бо истинод ба Шодихон Ҷамшедов, раиси ВМКБ хабар медиҳад, барои сохтмони мавзеи «Хоруғи нав» 200 гектар қитъаи замин ҷудо гардидааст.

«Хоруғ аз аввал бидуни нақшаи генералӣ сохта шуда, танҳои солҳои ахир ба таҳияи он пардохтанд ва акнун тибқи он, васеъ кардани қаламрави шаҳр ва ободонии он тарҳрезӣ шудааст. Мо 200 гектар қитъаи замини ба шаҳр ҳамроҳшударо ҷудо намудем, ки дар ин мавзеъ мавзеи нав – «Хоруғи нав»-ро сохтанием. Дар ин ҷо ҳама зербинои шаҳри муосир низ бунёд мегардад», – мегӯяд раиси вилоят.

Ба гуфтаи ӯ, барои таҳияи нақшаи генералӣ раҳбарияти ҷумҳурӣ маблағи муайянеро ҷудо кардааст ва аллакай аз соли 2015 барои бунёди мавзеи нави шаҳр ҳудуди 20 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. $) ихтисос дода мешавад, ки ба таъмини сокинон бо манзили зист ва ба қадре ҳал кардани масъалаи шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

«Шаҳри Хоруғ барои зисту кори 15 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шуда, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, имрӯз дар ин шаҳр ҳудуди 35 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Агар саривақт тадбире дар ин самт андешида нашавад, рӯйи кор омадани мушкилоти иҷтимоиву демографӣ аз эҳтимол дур нест. Хушбахтона, имрӯз ҳам аз буҷети кишвар ва ҳам аз ҷониби ташкилотҳо ҷиҳати рушди вилоят воситаҳои зиёд маблағгузорӣ мешаванд», – қайд кардааст Ш.Ҷамшедов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов