Падари Алии Бедакӣ афв шуда, ба озодӣ баромад

Музаффар Давлатови 78-сола, падари Аловиддин Давлатов, бештар маъруф бо Алии Бедакӣ, яке аз ҷангиёне, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона ба қатораи автомашинаҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2010 дар дараи Камароб даст дошта, бар асари он 28 сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд, мавриди афв қарор гирифта ба озодӣ баромад. Дар ин бора Сарраёсати иҷрои ҷазои […]

Аваз Юлдошев



Музаффар Давлатови 78-сола, падари Аловиддин Давлатов, бештар маъруф бо Алии Бедакӣ, яке аз ҷангиёне, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона ба қатораи автомашинаҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2010 дар дараи Камароб даст дошта, бар асари он 28 сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд, мавриди афв қарор гирифта ба озодӣ баромад. Дар ин бора Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, давоми ду рӯзи мавриди амал қарор гирифтани қонун «Дар бораи афв», ки ба муносибати 20-солагии Контситутсияи Тоҷикистон қабул шуд, аз муассисаҳои ислоҳӣ беш аз 2 ҳазор нафар маҳкумшудагон озод гардидаанд.

Ёдрас мекунем, ки падари Алии Бедакӣ барои «хабар надодан дар бораи амали террористӣ» ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Алии Бедакӣ зимни амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон моҳи январи соли 2011 дар қаламравии водии Рашт кушта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.