Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бори нахуст беш аз 1 млн. тонна семент истеҳсол шуд

Муддати зиёда аз 20 соли соҳибистиқлолӣ бори нахуст дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. тонна семент истеҳсол карда шуд. Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд, ин миқдор сементи истеҳсолшуда нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 776 ҳазор тонна зиёдтар аст. «Ба туфайли фаъолияти пурсамари ду корхонаи бузурги истеҳсоли сементи Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Муддати зиёда аз 20 соли соҳибистиқлолӣ бори нахуст дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. тонна семент истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд, ин миқдор сементи истеҳсолшуда нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 776 ҳазор тонна зиёдтар аст.

«Ба туфайли фаъолияти пурсамари ду корхонаи бузурги истеҳсоли сементи Тоҷикистон – «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Сементи тоҷик» чунин натиҷа ба даст омад. Аз оғози сол дар корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» 760 ҳазор тонна ва дар корхонаи «Сементи тоҷик» 178,2 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуд, ки нишондиҳандаи беҳтарин аз солҳои 80-уми асри гузашта маҳсуб меёбад. Чанд сол қабл дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли семент ба 900 ҳазор тонна расонида шуд, вале ин нишондиҳанда дигар афзоиш наёфта буд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, феълан дар Тоҷикистон 10 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият дорад. Талаботи Тоҷикистон ба семент бо назардошти афзоиши корҳои сохтмонӣ 2 млн. тонна дар як сол арзёбӣ мешавад.

Соли 2013 дар Тоҷикистон 385 ҳазор тонна семент истеҳсол шуд. Ба Тоҷикистон семент асосан аз Покистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ворид мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.