Ифтитоҳи бинои нави идораи хадамоти оташнишонии вилояти Суғд

Date:



Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми низомии хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташриф оварда, дар маросими кушодашавии бинои нави идораи хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ширкат варзиданд ва аз шароити кору фаъолияти ва ҳолати омодабошии қисми низомӣ ошно гаштанд.

Тавре хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ медиҳад, бинои нав аз  ошхона, ҳуҷраҳои алоҳида иборат буда, ошёнаи дуюм бошад барои маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, пешбинӣ шудааст.

Роҳбарияти хадамоти оташнишонии вилоят ба меҳмонон воситаҳои оташнишонӣ, наклиётҳои махсус, либоси оташнишононро намоиш доданд. Таъкид гардид,ки тамоми воситаҳои сӯхторхомушкунандагон аз Федератсияи Россия харидорӣ шуда, барои сари вакт бартараф намудани ва пешгирӣ намудани сӯхтор пешбинӣ гардидааст.

Баъдан Вазири корҳои дохила Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсии қисми низомии мазкурро бо 20 солагии Сарқонуни Тоҷикистон табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки афсарону сӯхторнишонон вазифаи дар наздашон бударо содиқона иҷро хоҳанд кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...