Ташрифи губернатори Санкт-Петербург ба Душанбе

Шоми рӯзи 6-уми ноябр губернатори шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард. Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, губернатори шаҳри Санкт-Петербургро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев пешвоз гирифта, то субҳи имрӯз ҳамаи иштирокчиёни Рӯзҳои Санкт-Петербург […]

Аваз Юлдошев



Шоми рӯзи 6-уми ноябр губернатори шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, губернатори шаҳри Санкт-Петербургро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев пешвоз гирифта, то субҳи имрӯз ҳамаи иштирокчиёни Рӯзҳои Санкт-Петербург ба Душанбе омадаанд.

Ба гуфтаи Ш.Саидов, дар доираи Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе (7-8-уми ноябр) миёни ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург ва мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати корӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад.

Дар доираи сафар ба Душанбе Георгий Полтавченко бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дидору гуфтушунид анҷом дода, аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҶТ боздид мекунад ва ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва гулхани ҷовидонӣ дар Боғи Ғалаба гулчанбар мегузорад.

Шоми имрӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» консерти дастаҳои эҷодии маъруфи шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин рӯзҳо машвартаҳои табибони шаҳри Санкт-Петербург барои сокинони пойтахти Тоҷикистон доир гардида, ҳамчунин дар маркази «Душанбе-Плаза» намоишгоҳи асарҳои рассоми тоҷиктабори шаҳри Санкт-Петербург Матлуба Яҳёева баргузор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.