Гуфтугӯйи судманд оид ба тезонидани корҳои сохтмон дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон

Зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои мудирони ширкати роҳҳои оҳани Чин Чжан Зунян дар Пекин масоили вобаста ба сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, доир ба тезондан ва бо сифати баланд анҷом додани татбиқи ин лоиҳа гуфтугӯйи судманд […]

ASIA-Plus



Зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои мудирони ширкати роҳҳои оҳани Чин Чжан Зунян дар Пекин масоили вобаста ба сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, доир ба тезондан ва бо сифати баланд анҷом додани татбиқи ин лоиҳа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Тавре зикр гардид, сохтмони ин роҳи оҳан бо нақбҳо ва пулҳояш бояд то соли 2016 анҷом дода шавад. Дарози ин қитъаи роҳи оҳан 40,7 км буда, иборат аз 3 нақб бо дарозии умумии 3755 м ва 5 пул бо дарозии умумии 712 м мебошад.

Ҷойи зикр аст, ки қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисону коргарони тоҷик иҷро карда мешавад.

Ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахш низ гуфтугӯйи судманд ва табодули назар сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.