Кабирӣ: Ҳукумат ба қонунгузории интихобот тағйироти ҷиддӣ ворид накард

– Тавсияҳои асосии Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) оид ба тағйирот дар қонунгузории интихоботи кишвар аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ нодида гирифта мешавад – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ. «Ҳукуматдорон иддаъо мекунанд, ки аз 25 тавсияҳои САҲА/ДИДҲБ, ки […]

Аваз Юлдошев



– Тавсияҳои асосии


Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар




(САҲА/ДИДҲБ) оид ба тағйирот дар қонунгузории интихоботи кишвар аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ нодида гирифта мешавад – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ.

«Ҳукуматдорон иддаъо мекунанд, ки аз 25 тавсияҳои САҲА/ДИДҲБ, ки аз рӯйи натиҷаҳои интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2010 пешниҳод шуда буданд, 18-тоашро ба иҷро расонидаанд, лекин агар бодиққат ба ин тавсияҳои иҷрошуда нигарӣ, онҳо дуюмдараҷа буда, дақиқатараш, тақдири интихоботро ҳал намекунанд», – зикр кард Кабирӣ.

Ба андешаи ӯ, қоидаҳои нави пур кардани варақаҳои раъйдиҳӣ, истифодаи ручка зимни пур кардани протоколҳо, аз раёсат дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ хориҷ кардани намояндагони сохторҳои давлатӣ,  озодонаву шаффоф ва демократӣ баргузор гардидани интихоботро таъмин карда наметавонанд.

«САҲА/ДИДҲБ ва як қатор ҳизбҳои сиёсӣ, ба мисли ҲНИТ, Ҳизби коммунист ва ҲСДТ аллакай чандин маротиба ба ҳукумату парлумон тавсия доданд, ки ба қонунгузории интихобот дар бораи ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ ҳатман шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ки дар он асосан тақдири интихобот ҳал мешавад ва ба намояндагони аҳзоби сиёсӣ супурдани нусхаи қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ тағйирот ворид карда шавад, вале ин тавсияҳо, ки асосианд, аз ҷониби ҳукуматдорон нодида гирифта мешавад», – изҳор намуд раиси ҲНИТ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.