Даъвати Э.Раҳмон аз кормандони милиса ҷиҳати кумак ба таъмини шуғли афвшудагон

Зимни суханронии имрӯза дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки  ҳукумати мамлакат хусусан тайи солҳои охир ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният диққати махсус медиҳад. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus



Зимни суханронии имрӯза дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки  ҳукумати мамлакат хусусан тайи солҳои охир ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният диққати махсус медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти мамлакат, сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки имрӯз шаҳрвандон ба кормандони милиса эътимод дошта, бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Президент бахусус нақши кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун таъкид намуд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки дар панҷ соли охир барои ВКД 60 бино ва иншооти маъмурӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар бунёд гардида, тӯли 10 соли охир маоши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 20 баробар зиёд карда шуд ва ҳамчунин дар доираи амалисозии барномаи рушди милитсия дар солҳои 2014-2020 ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони соҳа давра ба давра чораҷӯӣ карда мешавад.

Зимни суханронии худ президент таъкид намуд, ки  чанд рӯз пеш дар кишвар Қонун “Дар бораи авф” қабул гардид, ки амали он нисбат ба даҳ ҳазор нафар татбиқ мегардад ва вазифаи, пеш аз ҳама, мақомоти корҳои дохилӣ аз он иборат аст, ки шахсони аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ рухсатшударо ба қайд гирифта, ба онҳо дар бобати таъминот бо шуғл ва умуман ҳамгироӣ бо ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти осоишта кумак расонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.