Паёми шахсии С.Аслов ба ҳамтои ямании худ дар робита ба рабуда шудани тоҷикдухтар

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳамтои ямании худ Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ дар робита ба қазияи аз ҷониби гурӯҳи номаълум рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман паёми шахсӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар паёми Сироҷидин Аслов аз мақомоти салоҳиятдор ва шахсан аз вазири […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳамтои ямании худ Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ дар робита ба қазияи аз ҷониби гурӯҳи номаълум рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман паёми шахсӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар паёми Сироҷидин Аслов аз мақомоти салоҳиятдор ва шахсан аз вазири корҳои хориҷии Яман тақозо шудааст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои раҳоии ҳарчӣ зудтари Гулрухсор Рофиева тадбирҳои муассир андешанд.

Ёдрас мекунем, ки Гулрухсор Рофиева субҳи рӯзи 29-уми октябр ҳангоми ба кор рафтан

 рабуда шуд

. Ӯ 13-уми ноябр ба ватан баргаштанӣ буд. Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ тариқи сафорати Россия дар Тоҷикистон аз сафорати Россия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Рофиева Гулрухсор

дархости мусоидат кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.