Мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат ба итмом расид

Бозиҳои даври 18-ум ва охирини мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми ноябр баргузор шуданд, барандагони медалҳои нуқраву биринҷиро маълум карданд.   Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ», , арои ҷойҳои дувуму севум се даста – “Хайр”-и Ваҳдат, “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва  “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан талош карданд. “Хайр”, ки дар даври охирин дар […]

ASIA-Plus



Бозиҳои даври 18-ум ва охирини мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми ноябр баргузор шуданд, барандагони медалҳои нуқраву биринҷиро маълум карданд.

 

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ», ,


арои ҷойҳои дувуму севум се даста – “Хайр”-и Ваҳдат, “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва  “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан талош карданд. “Хайр”, ки дар даври охирин дар майдони худ бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд, бо 35 имтиёз дар ҷадвали ниҳоии мусобиқа мақоми дувум ва медалҳои нуқраро азони худ кард.  

“Далерон-Ӯротеппа”, ки бидуни бозӣ бо “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби фаннии 3-0 ғолиб дониста, соҳиби се имтиёзи гаронбаҳо гардид, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад. Футболбозони шаҳри Истаравшан бо 33 имтиёз ҷойи севумро касб карданд.  

Вале “Хуҷанд” бозиро дар меҳмонӣ бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1-1 анҷом дод ва бо 32 имтиёз дар ҷойи чорум қарор гирифт ва аз медалҳо бенасиб монд.

Дар даври охирин, инчунин, “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Вале барои “Истиқлол”, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта буд, натиҷаи ин бозӣ аҳамият надошт. “Регар-Тадаз» бошад, барои дар байни панҷ дастаи беҳтарин ҷойгир шудан мубориза бурд. Футболбозони шаҳри Турсунзода, ки имсол бо мушкили молӣ рӯбарӯ шуданд, дар натиҷа бо 20 имтиёз ҷойи 6-умро гирифтанд.

Дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, ки дар майдони худ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 5-2 шикаст дод, бо 25 имтиёз панҷум шуд. Вале қаҳрамони порсолаи Тоҷикистон – “Равшан” – бо 9 имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал ҷой гирифт.       

Ба ин тартиб, “Истиқлол” (сармураббиаш Мубин Эргашев), ки барои севумин бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, бо медалҳои тилло, “Хайр” (сармураббиаш Тоҳир Муъминов) бо медалҳои нуқра ва “Далерон-Ӯротеппа” (сармураббиаш Маҳмадҷон Ҳабибулоев) бо медалҳои биринҷии мусобиқаи имсола сарфароз хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.